Ovozi.uz

Соли 2025 дар Самарқанд Анҷумани тарафҳои CITES баргузор мешавад

Рӯзҳои 24-уми ноябр — 5-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд ҷамъомади 20-ум (COP20)-и Анҷумани тарафҳои Конвенсияи савдои байналмилалии намудҳои фауна ва флораи ёбоӣ (CITES) гузаронида мешавад, хабар медиҳад шабакаи иҷтимоии «Янги Ӯзбекистон» бо такя ба Вазорати экология.
Бино ба он, созишномаро вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов ва Дабири кулли CITES Ивонн Игуэро дар чаҳорчӯби анҷумани иштирокчиёни Конвенсияи гуногунии биологӣ имзо кардаанд.
“Имзои ин созишнома ба аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза бо гум шудани гуногунии биологӣ ва тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ мусоидат мекунад. Мо аз истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар Самарқанд дар доираи COP20 соли 2025 сурат мегирад, хушҳол ҳастем ва дар он саъю кӯшишҳои худро барои ҳифзи мероси ғании биологии сайёраамон муттаҳид хоҳем кард”, гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Дар навбати худ, Ивонн Игуэро барои пешниҳоди Ӯзбекистон дар бораи дар шаҳри таърихии Самарқанд баргузор намудани ин чорабинӣ изҳори сипос кард.
Конвенсияи CITES 3-юми марти соли 1973 ба имзо расида, 1-уми июли соли 1975 эътибор пайдо кардааст. Мақсади Конвенсия ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои ваҳшӣ ва пешгирии тиҷорати ғайриқонунии онҳо мебошад. Дар Ӯзбекистон низ намудҳои зиёд ба феҳристи созмон шомил шудаанд. Кишвари мо аз соли 1997 узви ин конвенсия ба шумор меравад.
Ӯзбекистон аввалин кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҷамъомади 184 тарафҳои CITES (183 кишвар ва Иттиҳоди Аврупо) ва доираи васеи ҷонибҳои манфиатдори ҳифзи олами ҳайвонот ва тиҷоратро баргузор мекунад.
Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 4000 нафар иштироккунандагон ва вакилон ширкат кунанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҷонибҳо дар бораи устуворӣ, қонуният ва мониторинги тиҷорати байналмилалии ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳифзи намудҳо ва идоракунии устувори ресурсҳо муҳокимаҳо мегузаронанд.