Ovozi.uz

Самарқанд ҳамчун «шаҳри миллионнафара» ривоҷ дода мешавад

Корҳо барои тезонидани ҷараёнҳои урбанизатсия ва табдил додани он ба «шаҳри миллионнафара» оғоз карда шуданд.

Ғайр аз ин, ҳудуди шаҳри Каттақӯрғон низ васеъ карда мешавад.

Барои маълумот қабул карда шуд, ки корҳо тибқи қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Самарқанд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум» оғоз гардидаанд.

Талаботи асосии рушди Самарқанд ҳамчун «шаҳри миллионнафара» ва ҳайати гурӯҳи корӣ тасдиқ шудааст.

Дар қарор инчунин таклифҳо оид ба васеъ кардани ҳудуди шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, боз ҳам беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ, сохтани маҳаллаҳои истиқоматии замонавӣ маъқул дониста шуданд.

Пешбинӣ шудааст, ки Девони Вазирон дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Оқдарё, Самарқанд, Пастдарғам, Тайлоқ, Каттақӯрғон ва Нуробод ба Олий Маҷлис таклиф ворид намояд.