Ovozi.uz

Шоҳмот: Дар Самарқанд «Womenʼs Chess Championship» баргузор мешавад

Дар Самарқанд мусобиқаи байналмилалии «Womenʼs Chess Championship», ки миқдори умумии ҷоизааш 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, баргузор мегардад. Дар ин бора Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон маълум кардааст.

Дархостҳо барои ширкат дар ин мусобиқа то 25-уми феврали соли равон қабул карда мешаванд. Рӯзҳои 8-19-уми март турнире, ки дар он бонувони беҳтарини шоҳмотбози ҷаҳон ширкат мекунанд, гузаронида мешавад. Ин мусобиқа на танҳо дар хотири дӯстдорони шоҳмот, балки ҳамчун мусобиқаи беҳтарини варзиши ҷаҳонӣ, таблиғкунандаи дониш ва баробарҳуқуқӣ дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.

Имрӯзҳо дар шаҳри Самарқанд ҷиҳати баргузории ин мусобиқа ва ҳамчун рӯйдоди беназир гузаштани он як қатор корҳои ташкилӣ анҷом дода мешаванд.