Ин растанӣ ба оилаи савсаниҳо мансуб аст. Бисёр сол мерӯяд. Савсанро инчунин сӯсан, самсам, гули филгӯш, гули рангинкамон, даҳзабон ва ирис ҳам мегӯянд. Пояаш як ва ё якчандто мешавад. Баргаш шамшершакли рост ва одатан дар бехаш ҷойгир аст. Гулаш калон, хушрангу хушбӯ ва гуногунранг мегардад.
Дар Европа, Осиё, Африкаи Шимолӣ, Америкаи Шимолӣ 250-300 намуди савсан мерӯяд. Онро дар бисёр мамлакатҳои дунё мепарваранд.
Савсан гули қадима аст. Онро 4000 сол боз мепарваранд. Он гули хоса ва писандидаи мардуми Шарқ мебошад.
Савсан аз қадимулайём чун гиёҳи доруӣ машҳур аст. Донишманди Юнони Қадим Диоскорид шифобахшии онро дар асарҳояш қайд кардааст. Абӯалӣ ибни Сино аз барг ва тухми савсан малҳам тайёр карда, ба ҳафтпӯсту омос мебаст. Бо қиёми бехи савсани озод (сафед) иллати испурч, асаб, роҳи нафас ва бемориҳои занонаро табобат мекард.
Савсан дорои бӯйи гули бунафша аст. Бехи савсан то 70 фоиз қанд, 20-50 фоиз оҳар, қариб 10 фоиз равған ва ғайра дорад.
