Дар Хонаи матбуот бо ташаббуси Садорати ҳифзи тандурустии вилоят ва Маркази мубориза бо БПНМ (Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният) таҳти мавзӯи «Рақамигардонии системаи мубориза бо БПНМ» анҷумани матбуотӣ баргузoр шуд.
Дар он сардухтури марказ Улуғбек Назаров ва ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобат Санобар Қӯлдашова ба рӯзноманигорон дар бораи рақамигардонии соҳа маълумот доданд.
С.Қӯлдошева дар муаррифии маърӯзаи худ таъкид намуд, ки тибқи ҚП таҳти қарори Президент аз 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловаӣи роҷеъ ба суръат бахшидан ба рақамигардонии системаи ҳифзи тандурустии ба роҳандозӣ намудани технологияҳои пешсафи рақами ҚП-415, барномаи электронии рақамисозии HIV-ES – БПНМ таъсис дода шудааст.
– Пеш аз сохтани ин система ҷараёни ба рӯйихат гирифтани беморон душвор буд, — гуфт ӯ. – Дар соҳаҳои гуногуни системаи тандурустӣ самарадории мубодилаи маълумот паст шуда, дар таъмини махфият ба муаммоҳо дучор мегардидем.
Пас аз роҳандозӣ гардидани система беморон пурра аз рӯйихат гузаронида шуданд, картаи ягонаи электронии онҳо роҳандозӣ гардид. Таъмин намудани гирифторони БПНМ бо доруҳои зарурӣ ба тартиб дароварда шуд. Дар айни ҳол, зиёда аз 1 500 бемор дар саросари ҷумҳурӣ аз ин барнома истифода мебаранд.
Вай таъкид намуд, ки дар оянда васеъ намудани интегратсия, сохтани барномаи мобилӣ, ба он дохил кардани имкониятҳои зеҳни сунъӣ, ташкил намудани додани сертификати электронӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар поёни анҷумани матбуотӣ масъулони соҳаи тиб ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.
Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА
