Ovozi.uz

Таҳмина Икромова барандаи медали тиллои Универсиада шуд

Ҳоло дар Германия Универсиадаи тобистона ҷараён дорад.

Имрӯз ҳайати варзишии Ӯзбекистон дар ин мусобиқа аввалин медали тиллои худро ба даст овард.

Гимнастикачии бадеии мо Таҳмина Икромова дар қувваозмоии яккагии самти ҳалқа (обруч) 29850 хол ба даст оварда, чемпиони Бозиҳои универсиада гардид.

Ин дуввумин медали гимнастикачии самарқандӣ дар ин мусобиқа буд. Вай дар барномаи бисёрнафара медали нуқра гирифта буд.