Ovozi.uz

Дар Марс осори дарёҳое ёфт шуд, ки дарозиашон 15 ҳазор километр аст

Дар Марс осори дарёҳои азим кашф шуд. Дарозии умумии онҳо 15 ҳазор километр аст. Дар ин бора Ҷамъияти шоҳонаи астрономии Британия хабар дод.

Мувофиқи маълумоти ҷамъият, олимон дар бораи ҷуғрофияи Марс маълумотҳои нав пешниҳод намуда, тасаввуроти қаблан ташаккулёфтаро дар бораи Сайёраи Сурх комилан тағйир медиҳанд. Чунон ки маълум гардид, сайёра дар гузашта дарёҳои азим доштааст.

Иштироккунандагони анҷумани миллии астрономӣ, ки дар Дареми Британияи Кабир барпо гардид, имсол эълон карданд, ки дар дашти чанубии Марс осори сершумори дарёҳои қадима кашф карда шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар сайёра манбаи об хеле зиёд будааст.

Дар тасвирҳои баландсифати релефи ноҳамвор, ки тавассути дастгоҳҳо дар мадори атрофи Марс гирифта шудаанд, муҳаққиқон осори геологии системаҳои дарёҳои қадимиро пайдо карданд. Ба гуфтаи олимон, синни ин изи дарёҳо беш аз 3 миллиард сол аст. Баъзеҳо нисбатан кӯтоҳанд, дар ҳоле ки дигарон тамоми шабакаҳоро ташкил медиҳанд, ки то 200 километр тӯл мекашанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ин дарёҳо аз об сер шуда буданд ва дар натиҷаи боридани борон ё барфҳои мунтазам пур мешуданд.