Дирӯз дар шаҳраки хурди Буноли наздикии Валенсияи Испания ҷашнвораи миллии помидори кишвар бо номи «La Tomatina» баргузор шуд.
Имсол ҳазорон нафар ба ҷашнвора ҷамъ омада, ба ҳамдигар 120 тонна помидор «тӯҳфа» карданд.
Фестивали помидори дар ҷаҳон машҳур ҳар сол рӯзи чоршанбеи охири моҳи август баргузор мешавад. Аз рӯи анъана, ҷашнвора бо мусобиқа барои баромадан ба сутуни равғаниншуда ва гирифтани помидори дар он овезон оғоз мешавад. Бегоҳӣ помидорро бо мошинҳои боркаш ба майдони шаҳр меоранд ва баъди ишораи махсуси обпошҳо муборизаи ҳақиқӣ cap мешавад.
Аз соли 2013 инҷониб дар ҷашнвора системаи махсуси чиптаҳо вуҷуд дорад, ки шумораи ширкаткунандагонро то 20 ҳазор нафар маҳдуд мекунад. Масалан, соли 2012 ба ҷашнвора 50 ҳазор нафар омада буданд. Чорабинӣ сайёҳонро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад ва фестивал тақрибан як соат давом мекунад. Бисёре аз иштирокчиён либосҳои сафед мепӯшанд, то худро комилан сурх кунанд. Пас аз задухӯрд боқимондаҳои помидор дар кӯчаҳои шаҳр бо об ва мошинҳои оташнишонӣ тоза карда мешаванд.
Барои маълумот, таърихи ҷашнвора ба соли 1945 мерасад.
