Ovozi.uz

Ҷашни ҳимоятгарони Ватан

Рӯзи 14‑уми январ ба муносибати 34‑умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҳамроҳии намояндагони идораҳои ҳуқуқ-­тартибот, ҳарбиён ва фаъолони вилоят мақбараи Амир Темурро зиёрат карда, ба зери муҷассамаи ӯ гулдастаҳо гузоштанд.

— Ба ҳамаи ҳарбиён, ки ҳаёти худро ба ҳимояи Ватан бахшидаанд, ҳурмат ва эҳтироми зиёди худро изҳор менамоям, — гуфт роҳбари вилоят. — Мо бо ҳарбиёни мард ва ҷасурамон, ки ба қасамёди худ ҳамеша содиқ монда, вазифаи хидматии худро бо шараф иҷро мекунанд, ба тарзи воқеӣ ифтихор мекунем. Шумо ва зимни шумо пайвандони шуморо бо иди касбиатон табрик мегӯям.

Чорабиниҳои тантанавии асосӣ, ки рӯзи 13‑уми январ баргузор шуда буданд, аз майдони Регистони шаҳри Самарқанд оғоз шуданд.

Паради ҳарбӣ, ки аз намояндагони қисмҳои ҳарбии гуногун иборат буд, аз майдони Регистон то майдони Кӯксарой идома ёфт.

Дар майдони Кӯксарой ҳарбиён саф ороста, баромадҳои ҷангии худро намоиш доданд.

Ҳамчунин, намоишгоҳи таҷҳизот ва техникаҳои низомӣ баргузор шуд. Воҳидҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷҳизоти навтарин, либосҳои низомӣ ва мошинҳои махсусро намоиш доданд, ки таваҷҷуҳи самимии меҳмононро ба худ ҷалб карданд.

— Тантанаҳои идонаи имсола низ бо шукӯҳи хоса мегузаранд, — гуфт хидматчии ҳарбии Округи ҳарбии марказӣ Санҷар Ҳасанов. — Мақсад аз намоиши таҷҳизот ва техникаҳои ҳарбӣ дар ҷавонон бедор кардани эҳсоси ватанпарварӣ, шавқу завқ ба соҳаи ҳарбӣ, инчунин ифтихор нисбат ба кишвари ҷоноҷонамон мебошад. Дар баробари ин, хурсандиву муҳаббати ҷавононро дида, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба касбу вазифа дар мо ҳарбиён низ ҷӯш мезанад.

Қобили зикр аст, ки бисёре аз меҳмонони ҷашн, асосан донишомӯзон ва кӯдакони синну соли томактабӣ, бо либоси низомӣ ба чорабинӣ омада буданд.

Ҳ.СОДИҚОВ