Рӯзе ба яке аз шарикдарсонам занг зада, саволи оддии «Маънои калимаи минора чист?»-ро пурсидам. Саволам ба охир нарасида, аз телефон садои хандаҳои духтарони дигар ба гӯшам расид. Маълум шуд, ки вай танҳо не, ҳамроҳи дугонаҳояш будааст. Яке аз духтарон бо овози баланд чунин гуфт: «Вай кист? Девона аст магар? Дар асри технологияҳои ахборӣ ҳам ба одам чунин савол медиҳанд? Наход ҷавоби саволашро аз барномаи телефонии ChatGPT ёфта наметавонад?!».
Суханҳои духтар ба дилам сахт расид. Ҷилави хашмамро дошта, алоқаро қатъ кардам.
Баъди якчанд соат ба ман дар бораи асари «Турнаҳои бармаҳал»-и Чингиз Айтматов маълумот лозим шуд. Суханҳои он духтар ба ёдам омаданд ва хостам аз ChatGPT маълумот гирам. «Устод»-и ҷавонони ҳозира — ChatGPT-ро кушода, «ба ман дар бораи асари «Турнаҳои бармаҳал» маълумот пешниҳод кун» — гӯён, дастур додам. Барнома маълумотро пешниҳод кард: «Ин асар яке аз асарҳои машҳур буда, аз дили китобхонҳо ҷой гирифтааст. Муаллифи асар Худойбердӣ Тӯхтабоев мебошад…».
Ба ҳамин ҷумла расидаму аз мутолиа бозистодам. Чунки барнома маълумоти нодуруст пешниҳод кард. Аз ин воқеа ба чунин хулоса омадам: ChatGPT ин як воситаи ёридиҳанда аст, на устод. Устод бо шогирд мулоқоти зинда мекунад, андешаҳои ӯро месанҷад, хатоҳояшро ислоҳ мекунад ва ба ӯ роҳи дурустро нишон медиҳад. Ҷавобҳои ChatGPT ҳар қадар бо суръат ва бо ҷумлаҳои зебо бошанд ҳам, қобилияти тарбияи ахлоқӣ ва тафаккури мустақилро надоранд. ChatGPT танҳо маълумотеро пешниҳод мекунад, ки ҳоло ба он бовар карда намешавад ва баъзеи он метавонад нодуруст бошад. Аз ин рӯ, роҳи беҳтари донишандӯзӣ мутолиаи китоб аст.
Илмро дар натиҷаи савол додан меомӯзанд, аммо дар айни замон пурсиданро айб ва пурсандаро одами аз замон қафомонда мегӯянд, ки албатта, ин фикр хатост. Бояд фаромӯш накунем, ки пурсидан низ метавонад ба мо дари донишро боз кунад.
Диёр РОЗИҚЗОДА, донишҷӯ
