Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки барои ҳамаи молҳои воридотӣ 10 дарсади иловагии боҷ ҷорӣ мекунад ва боҷҳои қаблӣ ҳам эътибори худро нигоҳ медоранд. Дар ин бора канали телеграмии «Context» хабар дод.
Дар он гуфта мешавад, ки 20-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи Сафед нишасти матбуотии ғайринақшавӣ баргузор шудааст. Дар он раҳбари Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, ки фармонеро дар бораи ҷорӣ кардани боҷи иловагии 10-фоизӣ барои ҳамаи молҳои воридотӣ имзо мекунад.
«Ин амал метавонад пули бештарро ба бор орад. Мо пули бештар ҷамъ мекунем ва қавитар мешавем», — гуфт Доналд Трамп.
Қаблан Додгоҳи Олии ИМА ҳукм карда буд, ки қонун дар бораи ҷорӣ кардани боҷҳои воридотӣ, ки аз ҷониби Трамп пешниҳод шуда буд, амалӣ карда намешавад. Аммо, Трамп қарори додгоҳро «шармандавор» номид ва эълон кард, ки нақшаи дигар дорад.
