Сессияи Шӯрои вилоят
Ба қарибӣ сессии бистуҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.
Дар сессия ҳокими вилоят А.Бобоев ва намояндагони халқ аввал вазифаҳои устувори рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар як ноҳия ва шаҳрро дар соли 2026, баррасӣ карданд, ки онҳоро ҳокимони ин ноҳия ва шаҳрҳо пешниҳод намуданд.
— Ҳар сол бар асоси вазифаҳое, ки президентамон муайян намудаанд ва барномаҳои дахлдор роҷеъ ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоятамон чорабиниҳо таҳия ва дар давоми сол онҳоро иҷро мекунем, — гуфт ҳокими вилоят А.Бобоев. Дар ин барномаҳо ба масъалаҳои беҳдошти инфрасохтори ҳудудӣ, баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, васеъ намудани истеҳсолот ва хизматрасонӣ, таълим, тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ эътибори алоҳида дода мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо мушоҳида кардем, ки иҷрои ин вазифаҳо ба роҳбари якуми ҳудуд вобаста шуда мемонад, мутасаддиёни дигар бошанд, масъулияти худро фаромӯш мекунанд. Бинобар ин имсол қарор додем, ки роҷеъ ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар як ноҳия ва шаҳр барномаи алоҳида таҳия карда, барои амалӣ намудани онҳо муддатҳои амиқ ва масъулонро муайян кунем. Дар сессияи Шӯрои вилоят тақдимоти барномаҳои мазкурро гузаронданд, намояндагони халқ онҳоро тасдиқ карданд ва назорати онҳо дар давоми сол дар зимаи депутатҳо мешавад. Ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳои вилоят дар бораи вазифаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳудудҳои худ маълумот ва барномаҳои таҳиягардидаро ба намояндагони халқ доданд. Сипас ҷонишини ҳокими вилоят – сардори садорати оила ва зан-духтарон З.Саидова дар бораи корҳое, ки роҷеъ ба дастгирии зан-духтарон, пурзӯр кардани фаъолии иҷтимоӣ-сиёсии онҳо дар вилоят амалӣ карда мешаванд, ҳисобот дод. (Дар ин бора дар мусоҳибаи ӯ, ки дар ҳамин шумораи рӯзнома чоп шудааст, маълумот дода шудааст).
Мувофиқи рӯзномаи сессия ҳисоботи ҷонишини аввали сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б.Мирзоевро дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2025 шуниданд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2025 нақшаи пешбинишудаи даромадҳои умумӣ 6 триллиону 95 миллиард сӯмро ташкил карда, дар амал 6 триллиону 679 миллиард сӯм иҷро гардид. Чорабиниҳои таҳиягардида ва корҳои амалишуда барои ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳрҳо ба миқдори 715,3 миллиард сӯм манбаи иловагии даромадҳоро фароҳам овард. Дар давоми соли гузашта қисми хароҷотҳои буҷети маҳаллии вилоят 105,3 дарсад иҷро гардида, 10 триллиону 556 миллиард сӯмро ташкил кард.
Дар соли 2025 ба хазинаи ташаббусҳои шаҳрвандон 714,9 миллиард сӯм маблағ сарф шудааст. Вале аз оғози ташаббусҳои мавсими 1-ум 10 моҳ гузаштаасту КДУ «Ягона буюрмачи хизмати»-и ҳокимияти вилояти Самарқанд 5-то лоиҳа ва ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» 1-то лоиҳаро ҳамон ба анҷом расонда, насупурдаанд.
Аз рӯи чунин норасоиҳои рӯйдода аз масъулон эзоҳ пурсида, вазифа гузоштанд, ки лоиҳаҳоро дар муддати кӯтоҳ иҷро кунанд.
Дар сессия дар соли 2026 ба воситаи рушди бар асоси муносибатҳои нави ҳудудҳо масъалаҳои тасдиқи нишондиҳандаҳои зиёд кардани даромади аҳолӣ, ташкили ҷойҳои кории барқарор ва ихтисори камбизоатӣ, истифода аз маблағҳои боқимондаи озод дар ҳолати 1-уми январи соли 2026-и буҷети маҳаллии вилоят, тасдиқ намудани барномаҳои манзилнок роҷеъ ба рушди маҷмӯии ноҳияву маҳаллаҳои интихоб кардаи «вазнин» дар соли 2026 ва ғайраи ба ваколати Шӯро дахлдор баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
