Организми мо барои тақвияти масуният ба витамини C ниёз дорад.
Вақте ки аксари одамон дар бораи ин витамин мешунаванд, фавран ба хотириашон афлесун меояд. Аммо чизи ҷолиб ин аст, ки афлесун танҳо як манбаи оддии витамини C аст.
Дар асл, бештарин витамини C-ро аз қаламфури булғорӣ гирифтан мумкин аст.
Муқоиса мекунем: афлесун — 60 мг витамини C, ананас — 79 мг, қулфинай — 80 мг, манго — 122 мг, киви — 128 мг, брокколи — 81 мг, қаламфури булғорӣ — аз 95 то 340 мг!
Пас, қаламфури булғорӣ қариб 6 маротиба бештар аз афлесун витамини C дорад!
Агар шумо хоҳед, ки масуниятро ба таври табиӣ афзоиш диҳед — қаламфури булғорро ба парҳези худ илова кунед.
