Дар рӯзи дуюми чорабинии “Ҳафтаи медиа”, ки дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд баргузор мегардад, силсилаи тренингҳои касбӣ барои намояндагони васоити ахбори омма идома ёфт.
Имрӯз мухбири ӮзА Икром Аввалбоев дар мавзӯи «Самтҳои муҳими инъикоси раванди ислоҳот дар Ӯзбекистон» баромад намуда, ҳамчунин ба масъалаи табдил додани ҳисоботҳои хушку расмӣ ба мақолаҳои ҷолибу “зинда” таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Ҳамзамон, журналисте, ки фаъолияти Президентро пайгирӣ мекунад — Гулноза Ҳусанова, дар мавзуи «Динамикаи тағйирот дар 10 соли охир: дастовардҳо, таҳаввулоти минтақавӣ ва инъикоси холисонаи лоиҳаҳои муваффақ» таҷрибаи худро бо иштирокчиён ба мубодила гузошт.
Инчунин, мутахассиси Маркази контент — Акмалхӯҷа Расхӯҷаев, доир ба нозукиҳои муҳими ҷараёни монтаж машғулияти амалӣ гузаронид. Дар тренинг намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, журналистони телевизион ва радио, блогерон, операторон ва мутахассисони монтаж ширкат варзида, бо коршиносон таҷриба иваз намуданд.
