«Ман бо онҳое, ки генотсид содир мекунанд, даст намефишорам» — раиси Федератсияи футболи Фаластин. Дар Конгресси ФИФА моҷарои сиёсӣ сар зад.
Дирӯз дар Ванкувери Канада Конгресси 76-уми ФИФА баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар Конгресс, президенти ФИФА Ҷанни Инфантино қайд кард, ки футбол дар саросари ҷаҳон тавассути як қатор лоиҳаҳо, бахусус барномаи «FIFA Forward» босуръат рушд мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, шумораи ин лоиҳаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо 211 иттиҳодияи узви ФИФА амалӣ шудаанд, дар муқоиса бо давраҳои қаблӣ ҳашт маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар давраи оянда сармоягузориҳо дар доираи барномаи «FIFA Forward» ба сатҳи рекордӣ хоҳанд расид.
Дар охири Конгресс, президенти ФИФА раиси Федератсияи футболи Фаластин ва раиси Федератсияи футболи Исроилро ба саҳна даъват кард ва пешниҳод кард, ки ду раҳбар бо ишораи дӯстонаи оштӣ дастфишорӣ кунанд.
Аммо, раиси Федератсияи футболи Фаластин Ҷибрил Раҷуб ба ин розӣ нашуд. Пеш аз нишастанаш, ӯ гуфт: «Ман бо намояндаи ҳукумати фашистӣ, ки генотсид содир мекунад, даст намефишорам. Мо азоб мекашем. Шумо намефаҳмед.»
Ҷибрил Раҷуб инчунин эълон кард, ки ҷониби Фаластин ба Додгоҳи арбитражи варзишӣ муроҷиат кардааст, зеро дастаи миллии Исроил ва дастаҳои чемпионати он аз мусобиқаҳо хориҷ карда нашудаанд.
