Испания рекорди таърихии Бразилияро такрор кард
Мунтахаби Испания дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаи миллии Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дода, ба дастоварди таърихӣ ноил гардид.
Бо ин пирӯзӣ шогирдони Луис де ла Фуэнте шумораи бозиҳои расмии пайдарпайи бидуни бохти худро ба 33 расониданд. Дар ин давра испаниҳо 26 пирӯзӣ ва 7 мусовӣ ба қайд гирифтаанд.
Тибқи маълумоти рӯзноманигори маъруф Педро Мартин, Испания бо ин нишондиҳанда рекорди таърихии мунтахаби Бразилия (солҳои 1993–1998)-ро такрор кард. Он замон дастаи Бразилия низ дар 33 бозии расмӣ пайиҳам шикаст нахӯрда буд.
Мунтахаби Испания бозии охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон рӯзи 27-уми июн муқобили дастаи миллии Уругвай баргузор хоҳад кард.
Кабо-Верде — кашфиёти асосии Ҷоми ҷаҳон-2026…
Мунтахаби Кабо-Верде дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ба як дастоварди таърихӣ ноил гардид. Тибқи маълумоти ширкати омории Opta, Кабо-Верде аввалин дастаест, ки дар ду бозии аввали худ дар Ҷоми ҷаҳон шикаст нахӯрдааст, пас аз он ки мунтахаби Сенегал соли 2002 чунин натиҷаро ба даст оварда буд.
Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа мунтахаби Кабо-Верде бо дастаи миллии Уругвай натиҷаи мусовии 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ барои намояндаи Африка аз чанд ҷиҳат таърихӣ буд.
Муҳимтар аз ҳама, мунтахаби Кабо-Верде аввалин голи худро дар таърихи иштирокаш дар Ҷоми ҷаҳон ба самар расонд. Муаллифи ин гол нимҳимоятгари бошгоҳи «Краснодар»-и Россия Кевин Ленини гардид, ки номи худро дар таърихи футболи кишвараш ҷовидона кард.
Дар даври сеюм ва ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ, ки рӯзи 27-уми июн баргузор мешавад, мунтахаби Кабо-Верде бо дастаи миллии Арабистони Саудӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ҳамин рӯз мунтахаби Уругвай бо Испания рақобат мекунад.
Гол ва паси головари Салоҳ ба Миср ғалаба овард
Мунтахаби Миср дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бар дастаи миллии Зеландияи Нав бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, мавқеи худро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи плей-офф хеле беҳтар кард.
Ин вохӯрӣ субҳи 22-юми июн дар шаҳри Ванкувери Канада доир гардид. Қаҳрамони асосии бозӣ ситораи футболи Миср Муҳаммад Салоҳ буд, ки на танҳо голи ғалабаро ба самар расонд, балки як партофти головар низ анҷом дод.
Илова бар Салоҳ, бозигарони мисрӣ Мустафо Зико ва Трезеге низ дарвозаи рақибро рахна карданд. Ягона голи мунтахаби Зеландияи Навро Финн Серман ба номаш сабт намуд.
Бо ин ғалаба Миср се имтиёзи муҳим ба даст оварда, пеш аз бозии даври охир имкони хуби роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии мусобиқаро нигоҳ дошт.
Ёдовар мешавем, ки ду дастаи дигари гурӯҳи «Г» Эрон ва ба Белгия бо ҳам мусовӣ карда, якимтиёзӣ ба даст оварданд.
