Ovozi.uz

NASA саҳифаи нави омӯзиши Моҳро боз кард

Мақсади ин миссия омӯзиши амиқтари Моҳ, фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ва заминасозӣ барои парвози инсон ба Марс дар оянда мебошад.

Дар доираи миссияи Artemis II-и NASA кайҳоннавардон парвоз ба атрофи Моҳро оғоз карданд. Ин нахустин миссияи кайҳонии инсоннишин ба самти Моҳ дар беш аз 50 соли охир ба ҳисоб меравад.

Мушаки борбари SLS (Space Launch System) шаби 2-юми апрел аз майдони партоби №39B-и Маркази кайҳонии Кеннедии NASA дар иёлати Флорида бомуваффақият ба фазо баромад. Мушак киштии кайҳонии Orion-ро бо чаҳор кайҳоннавард барои парвози озмоишӣ ба атрофи Моҳ бурд.

Дар ин миссияи тақрибан 10-рӯза кайҳоннавардони NASA Рейд Уайзмен, Виктор Гловер ва Кристина Кох, инчунин намояндаи Агентии кайҳонии Канада Жереми Ҳансен иштирок доранд. Artemis II нахустин миссияи инсоннишин дар доираи барномаи Artemis мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии он санҷиши низомҳои таъмини ҳаёти ҳайати экипаж ва фароҳам овардани замина барои парвозҳои оянда ба Моҳ ва Марс мебошад.

Пас аз ворид шудани киштии Orion ба фазо, панелҳои офтобии он кушода шуда, қабули энергияи офтобиро оғоз карданд. Ҳамзамон, экипаж ва муҳандисони воқеъ дар Замин ба санҷиши низомҳои парвоз шуруъ карданд.

Тақрибан 49 дақиқа пас аз оғози парвоз, зинаи болоии мушак фаъол шуда, Orion-ро ба мадори эллиптикии атрофи Замин баровард. Сипас, дар натиҷаи як манёври дигар киштӣ ба мадори баландтар, дар масофаи тақрибан 46 ҳазор мил аз Замин, равона карда мешавад.