Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ барои дарёфти ҷоизаи «Тӯби тилло»-и соли 2026, ҳамлагари тими миллии Англия ва клуби «Бавария» Ҳарри Кейн бо 1055 хол натиҷаи беҳтаринро ба даст оварда сазовори ҷои якум шуд.
Ӯ аз рақиби асосии худ ҳамлагари клуби «Реал Мадрид» ва тими миллии Франсия Килиан Мбаппе, ки 1027 хол ҷамъовари кардааст бо 28 хол пеш гузашт.
Ба сегонаи беҳтарин футболбози испаниягии «Барселона» Ламин Ямал дохил шуд. Ӯ 881 хол ба даст оварда, аз барандаи ҷоиза 174 хол қафо монд. Зинаҳои баъдиро Родри (726 хол), Лионел Месси (612), Хвича Кваратсхелия (541) ва Усмон Дембеле (418) ишғол карданд. Эрлинг Ҳоланд бо 318, Майкл Олисе бо 296 ва Фабиан Руис бо 201 хол даҳгонаи беҳтаринро ҷамъбаст намуданд.
Мавсими 2025/2026 барои Ҳарри Кейн яке аз давраҳои пурмаҳсултарини фаъолияти варзишии ӯ ба ҳисоб меравад. Ҳамлагари англис дар ҳайъати «Бавария» дар 51 бозии расмӣ иштирок карда, 61 гол ба самар расонидааст. Ӯ бо задани 36 гол дар Бундеслигаи Олмон беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.
