Дар Ӯзбекистон ҷараёнҳои хусусигардонӣ ва коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт, роҳандозии механизмҳои нави фурӯши активҳои давлатӣ ва барои сармоягузорон фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ идома доранд. Бо ин роҳ имкониятҳои бахши хусусӣ васеъ карда мешаванд.
28 августи соли 2026 фармони Президентамон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт ва суръат бахшидан ба ҷараёнҳои хусусигардонӣ» қабул гардид. Тибқи фармони мазкур, дар доираи барномаи хусусигардонӣ ба савдо баровардани ҳиссаи давлат дар 84 ҷамъияти хоҷагидорӣ, 1242 иншооти молу мулки ғайриманқул ва қариб 8 ҳазор гектар қитъаи замин барои мақсадҳои соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Президентамон дар мулоқоти VI ошкоро бо соҳибкорон, ки моҳи августи соли равон баргузор гардид, таъкид намуд.
Илова бар ин, 84 актив, ки қаблан фурӯхта нашудааст, бо муайян кардани нархи ибтидоии 1 миллион сӯм дубора ба музояда бароварда мешаванд. Арзиши умумии активҳо, ки ба савдо бароварда мешаванд, 100 триллион сӯмро ташкил мекунад. Аз фурӯши онҳо то охири сол ба даст овардани на камтар аз 14 триллион сӯм даромад пешбинӣ шудааст. Бо ин фармон, дар асоси пешниҳодҳои соҳибкорон механизмҳои нави фурӯши активҳои давлатӣ роҳандозӣ гардида, имконияти харидани онҳо боз ҳам мусоидтар карда мешавад. Аз ҷумла, ҳангоми хариди актив пешпардохт 15 дарсад муқаррар карда мешавад (қаблан 35 дарсад буд), маблағи боқимондаро бошад, бидуни ҳисоб кардани дарсад марҳила ба марҳила пардохт кардан мумкин мешавад (қаблан ба ҳисоби миёна 14 дарсад иловапулӣ татбиқ мегардид).
Барои муомилоти калон низ шартҳои иловагии пардохт муайян карда мешаванд. Яъне, ба харидороне, ки арзиши активро дар давоми шаш моҳ пурра пардохт мекунанд, ба андозаи 25 дарсад тахфиф (скидка) пешниҳод мекунанд (мувофиқи тартиби қаблӣ, ҳангоми пурра анҷом додани пардохт дар давоми як моҳ 14 дарсад тахфиф дода мешуд), бо шарти дар се моҳ пардохт намудани 35 дарсади арзиши актив маблағи боқимондаро то 5 сол ва бо шарти дар шаш моҳ пардохт намудани 50 дарсади он то 7 сол бидуни ҳисоб кардани фоиз ба қисм-қисм пардохт кардан иҷозат дода мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии савдоҳо, механизмҳои нави фурӯши активҳо роҳандозӣ карда мешаванд. Агар актив дар се моҳ фурӯхта нашавад, механизми марҳила ба марҳила паст кардани нарх татбиқ мегардад. Дар баъзе мавридҳо механизми «музоядаи гибридӣ» низ метавонад татбиқ шавад, ки он дар ҷараёни савдо имкони муттаҳид кардани механизмҳои паст кардан ва баъдан баланд бардоштани нархро фароҳам меорад.
Муҳимтар аз ҳама, ин механизм ва имтиёзҳои нав метавонанд ҳангоми фурӯши активҳои дар тавозуни бонкҳои тиҷоратии дорои ҳиссаи давлатӣ буда низ татбиқ карда шаванд. Дар ҳуҷҷати қабулшуда ба баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории қитъаҳои замин таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Механизми фурӯши қитъаҳои замин дар асоси принсипи «бастаи тайёр» амалӣ гардида, дар он шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ-коммуникатсионӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатдиҳанда пешакӣ омода карда мешаванд. Татбиқи тадбирҳои мазкур ба боз ҳам коҳиш додани иштироки давлат дар соҳаҳои рақобатпазири иқтисодиёт, рушди соҳибкории хусусӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишвар ва истифодаи боз ҳам самараноктари активҳои давлатӣ нигаронида шудааст.
Қаҳрамон ЭШОНҚУЛОВ,
намояндаи вилоятии ҶС «Ташкили музоядаҳои онлайнӣ»
