Ovozi.uz

Дар Самарқанд «Мактаби маҳорати Фармон Тошев» кушода шуд

Бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва ҳамкории таҳририяти рӯзномаҳои «Зарафшон» ва ‘Самаркандский вестник» «Мактаби маҳорати Фармон Тошев» фаолияти худро оғоз кард.

Дар нахустин дарси маҳорат, ки дар Хонаи матбуоти вилоят баргузор гардид, журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон, публитсист ва адиб Фармон Тошев ҳамроҳи намояндагони ботаҷрибаи соҳа бо ҷавонон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Устод-журналист дар бораи масъулияти касбӣ, холисӣ ва зарурати нисбат ба рӯйдодҳо бетараф набудан аз таҷрибаи худ нақл кард.

Ба мактаби маҳорат ҷавононе ҷалб карда мешаванд, ки ба самтҳои нашрияҳои чопӣ, телевизион ва радио, журналистикаи интернетӣ, наворбардорӣ ва хадамоти иттилоотӣ таваҷҷуҳ доранд. Ба онҳо нозукиҳои навиштани мақола, омода кардани хабар, таҳлил ва фаъолияти наворбардори телевизионӣ омӯзонида мешаванд.

Ҷараёни таълим то моҳи майи соли 2027 идома ёфта, ба хатмкунандагони мактаб сертификатҳо супорида мешаванд.