Дар вилояти Самарқанд бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷавонон, ташаккули муҳаббат ба табиат ва ҳисси масъулият нисбат ба муҳити зист намоишгоҳи эҷодии «MY WORLD — MY ART» ташкил гардид.
Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси маҳфили «Ҷавонони ихтиёриёни экологӣ», ки дар назди Сарсадорати экология ва тағйирёбии иқлими вилояти Самарқанд фаъолият мекунад, баргузор шуд.
Хусусияти ҷолиби намоишгоҳ дар он аст, ки экологияву санъат, зебоии табиат ва эҷодкории ҷавонон бо ҳам пайванд ёфтаанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сарвари шуъбаи прокуратураи вилоят И. Собиров, ҷонишини сарвари Сарсадорати экология ва тағйирёбии иқлим Ҷ. Тӯраев, кормандони воситаҳои ахбори омма, намояндагони ҷомеаи васеъ ва ҷавонони мактабхон иштирок намуданд.
