Ovozi.uz

То соли 2083 шумораи роботҳои одамшакл метавонад аз шумораи одамон зиёд шавад

Мувофиқи натиҷаи таҳқиқоти муштараки олимони Америка ва Аврупо, то солҳои 2080 шумораи роботҳои одамшакл дар ҷаҳон метавонад аз 10 миллиард нафар бештар шуда, аз шумораи умумии аҳолии Замин пеш гузарад.

Ба чунин хулоса олимони донишгоҳҳои Милан, Эксетер ва Рокфеллер дар натиҷаи таҳқиқоти муштарак расидаанд.

Муаллифони таҳқиқот модели математикиеро таҳия кардаанд, ки тағйирёбии шумораи роботҳои одамшаклро дар муқоиса бо аҳолии ҷаҳон пешгӯӣ мекунад. Дар ин бора Kazinform хабар додааст.

Тибқи пешгӯии дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Дурнамои аҳолии ҷаҳон — 2024» овардашуда, шумораи аҳолии сайёра то миёнаҳои солҳои 2080 тақрибан ба 10,3 миллиард нафар мерасад. Пас аз ин, шумораи аҳолӣ тадриҷан коҳиш меёбад.

Олимон беш аз 4 ҳазор сенарияи эҳтимолиро баррасӣ кардаанд. Тибқи яке аз онҳо, шумораи роботҳои одамшакл метавонад аз 100 ҳазор адад дар соли 2025 то соли 2050 ба 1 миллиард расад.

Муҳаққиқон инчунин сенарияи ғайриоддиеро мавриди омӯзиш қарор додаанд, ки дар он роботҳо худашон ба истеҳсоли роботҳои нав машғул мешаванд. Ба андешаи муаллифон, дар чунин шароит Замин метавонад дар муддати кӯтоҳ зери фарогирии роботҳо қарор гирад.

Тибқи таҳқиқот, агар андроидҳо мустақилона дар сохтани роботҳои нав иштирок кунанд ва бо нерӯи барқи кофӣ ва ҷузъу таҷҳизоти зарурӣ таъмин бошанд, шумораи онҳо тақрибан то соли 2083 метавонад аз шумораи одамон бештар шавад.

Бо вуҷуди ин, муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ин пешгӯии қатъӣ набуда, танҳо як сенарияи назариявӣ аст. Онҳо ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки зиёд шудани шумораи роботҳо набояд бо бартарии иҷтимоӣ, сиёсӣ ё иқтисодии онҳо баробар дониста шавад.