24-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Саппорои Ҷопон ҳайати вакилони Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд таҳти роҳбарии ректори он Шаҳзода Неъматова аз Донишгоҳи Ҳоккайдо, ки ба қатори 200 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон дохил мешавад, дидан карданд.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Донишгоҳи Ҳоккайдо дар бораи фаъолияти илмии факултети таълим, барномаҳои магистратура ва докторантура, инчунин имкониятҳои табодули байналмилалии академӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани табодули донишҷӯёну омӯзгорон, баргузор кардани семинарҳои муштараки илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳи Ҳоккайдо ҳангоми сафари худ ба Ӯзбекистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, аз мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони маҳаллӣ таассуроти нек бардошта буданд.
Ҷонибҳо ин таҷрибаро заминаи муҳиме барои таҳияи барномаҳои минбаъдаи табодули академӣ, таҳкими робитаҳои илмии дуҷониба ва ба марҳалаи нав баровардани ҳамкориҳо дар соҳаи таълим арзёбӣ карданд.
