Ovozi.uz

Панҷ нафар пара таэквондочиёни кишвар ба Париж роҳ ёфтанд

Федератсияи таэквандои умумиҷаҳонӣ ба бозии Параалимпияи тобистонаи «Париж -2024» рейтинги додани литсензияро эълон кард. Бино бар он, 5 нафар пара таэквандочиёни кишварамон бори аввал, ба воситаи рейтинг роҳхати бозиҳои Параалимпияро ба даст оварданд. Аниқтараш, варзишгарон Исоқова Зиёда дар вазни 47 килограмм, Гулҷаной Наимова дар вазни 65 килограмм, Зуҳриддин Тоҳиров дар вазни 63 килограмм, Ҷавоҳир Алиқулов дар вазни 70 килограмм ва Асад Тоштемиров дар вазни 80 килограмм дар мумусобиқаи умумиҷаҳонӣ шарафи мамлакатамонро ҳимоя мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки намояндагони Ӯзбекистон дар бозии Параалимпияи тобистонаи «Токио -2020» дар дастури таэквандо бо 3 нафар спортчӣ иштирок карда буданд.