Ovozi.uz

Баҳс барои Ҷоми прокурор

Дар шаҳри Самарқанд мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ – кураш, инчунин, мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Варзишгарон барои гирифтани Ҷоми прокурори вилоят қувва озмуданд. Зиёда аз 150 нафар варзишгарони солҳои таваллудашон 2007-2009 ба рақобат ва нишон додани бартарии худ дар гӯштии миллӣ — кураш шитофтанд. Муборизаи кӯдаконро 14 нафар доварони дараҷаи олӣ аз минтақа тамошо карда, дар ниҳоят ҳукми худро бароварданд. Онҳо дар ҳафт тоифаи вазн ғолибонро муайян карданд. Аз ҷумла, панҷ нафар варзишгари шаҳри Самарқанд — Бектош Абдуғафуров (то 42 кг), Ризобек Боймуродов (то 50 кг), Ҳайдар Ӯроқбоев (то 55 кг) ва Шоҳрух Шамсиддинов (то то 55 кг) ба зинаи аввали шоҳсуфа баромаданд.
Он рӯз дар мусобиқаи шоҳмот «ҷанг»-ҳои душворе ҷараён гирифт. 65 нафар шоҳмотбози синну соли гуногун дона пеш ронданд . Хурсандиовар аст, ки дар сари тахтаи шоҳмот на танҳо чемпионҳои чемпионатҳои Ӯзбекистон ва Осиё, балки дӯстдорони бозии интеллектуалӣ ҳам вохӯрданд. Дар натиҷа, Шоҳина Аҳмедова аз Самарқанд миёни занҳои шатранҷбоз мақоми аввалро касб кард. Акобир Сайдалиев, ки дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунад, беҳтарин бозигари мусобиқа байни писарон дониста шуд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ ғолибону ҷоизадорон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида шуданд.