Бо қарори Президент
Сарвари давлати мо 15 уми марти соли равон «Дар бораи чораҳо роҷеъ ба дидани тайёрӣ барои дар соли 2025 ум дар шаҳри Самарқанд гузарондани сессияи 43 юми Сарференсияи ЮНЕСКО» қарор қабул кард.
Рӯзҳои 7–22 юми ноябр дар сессияи 42 юми Сарконференсияи ЮНЕСКО ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дар соли 2025 ум дар Самарқанд гузарондани сессияи 43 юми Сарконференсияи ЮНЕСКО якдилона дастгирӣ карда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузарондани анҷумани бонуфузи байналмилалӣ бо сарварии Сарвазир кумитаи ташкилӣ ташкил гардид.
Сессия дар маҷмӯи сайёҳии «Silk Road Samarkand» баргузор мешавад.
Дар доираи тайёрӣ ба чораҷӯӣ дар бораи аҳамияти дар шаҳри Самарқанд гузарондани сессия маҳсулоти баландсифати медиавӣ ва асарҳои аудиовизуалӣ офарида, ба воситаи ба эфир додани онҳо дар воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ, лоиҳагузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи усулҳои хештег ва челленҷ васеъ тарғибот кардан муайян карда шуд.
Китоб-албоми «Самарқанд — дар чорраҳаи тамаддунҳои дунё»-ро ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва франсузӣ чоп мекунанд. Марка ва лифофаҳои почта офарида, тақвимҳо ва воситаҳои аёнии тарғиботӣ, тангаҳои хотиравӣ, нуқра ва тилло ба муомила бароварда мешаванд.
Ба Агентии мероси маданӣ супурда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Бунёди ривоҷдиҳии маданият ва санъат, Вазорати иқтисодиёт ва молия корҳои бо ҳифзи мероси мадании дахлдори шаҳри Самарқанд ва намоишҳои иммерсиву ба мавзӯъ вобастаро ташкил кунанд.
Бунёди ривоҷдиҳии маданият ва санъат бар асоси мизонҳои ЮНЕСКО ва дар ҳоли ҷалб кардани мумайиз (эксперт)-ҳои хориҷӣ нақшаҳои мастер ва менеҷмент дар шаҳри Самарқанд ташкил намудани музейи давлатии «Роҳи бузурги абрешим», барқарор кардани боғҳои соҳибқирон Амир Темур, барқарорсозии маҷмӯи Бибихонум, ҳифзи маркази таърихии Бухоро, ки ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ дохил карда шудааст, таҳия мекунад.
Сарконференсияи ЮНЕСКО дар Самарқанд баргузор мешавад
