Ovozi.uz

Маҳаллаи обод ва пурфайз — зеби кишвар


Таҳти чунин шиор рӯзҳои 16–18 уми март дар саросари вилоят ҳашари умумхалқӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат кормандони корхонаву ташкилотҳо, инчунин, сокинони маҳаллаҳо аз субҳи содиқ дар ҳашар фаъол иштирок карданд.
«Ҳафтгонаи маҳалла» дар ҳашар
Мувофиқи маълумоти Садорати вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон дар ҳашари умумхалқии хайрия, аз 1126 маҳаллаи вилоят ҳамагӣ 1 миллиону 174 ҳазор нафар шаҳрванд, аз ҷумла қариб 711 ҳазор нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Дар ҷараён 1787 гектар замин обод гардида, 722 тонна партовҳои маишӣ ва бинокорӣ бароварда шуд.
Ҷиҳати бахуд хоси ҳашари имсола дар он аст, ки ба зиммаи ҳар як аъзои «Ҳафтгонаи маҳалла» вазифаҳои алоҳида гузоштанд. Аз ҷумла, раиси маҳалла роҳнамоии умумии баргузории ҳашарро ба ӯҳда гирифта, аҳли ҷомеаро ба ҳашар ҷалб намуд ва дар тамоми ҳудудҳои маҳалла баргузории ҳашарро таъмин кард.
Ба зиммаи ёвари ҳоким вазифаи хабаргирии оилаҳои ниёзманд, шахсони ногироидошта, пиронсолони танҳо ва бо маҳсулотҳои хӯроквориву воситаҳои доруворӣ таъмин намудани онҳо супорида шуд.
Ободӣ аз дил оғоз мешавад
Дар давоми се рӯзи ҳашар гирду атрофи қабристону зиёратгоҳҳо низ аз назар дур намонданд. Яъне, 1467 қабристон ва 725 зиёратгоҳ ба тартиб оварда шуд. Ба ҳисоби умумӣ 1035 километр ҷӯй, зиёда аз 34 ҳазор кӯча тоза ва 633 то майдончаи кӯдакон таъмир ва ба тартиб андохта шуданд.
Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, ободӣ аз дил сар мешавад, дар ин рӯзҳо аз аҳволу зиндагии оилаҳои эҳтиёҷманди ёрии иҷтимоӣ, ногироёну пиронсолони яккаву танҳо хабар гирифтанд. Шахсони масъул ва нафарони савобҷӯ қитъаҳои хонаҳое, ки дар он беш аз 8600 нафар шаҳрвандони ниёзманд зиндагӣ мекунанд, тоза карда, ниҳолҳои гуногун шинонданд. Хонадони 750 нафар таъмир карда шуд.
Аз ҷумла, сарварони ҷавонони ноҳияи Пастдарғам муттаҳид шуда, дар хонадонҳои пиронсолони танҳо, ногироён ҳашар ташкил намуда, замини наздиҳавлигии онҳоро нарм, ҷӯйҳоро кофта, деворҳои кӯҳнаю фарсудашударо ранг карданд.
Ба маҳаллаам 10 ниҳол мебахшам
Дар доираи ҳашари хайриявӣ таҳти шиори «10 ниҳол барои маҳаллаам — тӯҳфаи ман» аксия баргузор гардид. Дар маҳаллаҳо 782 боғ бунёд карда, дар қитъаҳои замини холӣ ва замини истиқоматии аҳолӣ 1280 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ шинонда, ба зиёда аз 658 ҳазор дарахт шакл доданд. Дар роҳраву кӯча ва хиёбонҳо гулҳои рангоранг шинонданд.