Ovozi.uz

Ҷамъомади навбатии Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ дар Душанбе гузаронида мешавад

Ҷамъомади 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ин тасмим зимни ҷамъомади 34-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШБО ИДМ), ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардид, тасдиқ шуд.

Дар кори Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ 10 мамлакати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Молдова ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд. Инчунин ҳайатҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба сифати нозир дар кори ҳамаи ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд.

Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ (ШБО ИДМ) 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст.