Ovozi.uz

«Динамо» бо ҳимоятгари гурҷистонӣ шартнома баст

Дастаи“Динамо” пеш аз мавсими нави Суперлига пурқувват сохтани таркиби худро идома медиҳад.
Ҳимоятгари марказии гурҷистонӣ Антон Толордава бо дастаи «Динамо» ба шартномаи яксола имзо гузошт. Легионери 27-сола то охири соли 2024 шарафи клуби Самарқандро ҳимоя мекунад.
Ӯ дар мавсими гузашта дар сафи клуби “Шахтёр” — и Қазоқистон тӯб ронда, дар 23 вохӯрӣ ба 2 тӯб муаллифӣ кардааст. То он вақт бошад, Антон дар чемпионатҳои Гурҷистон, Сербия, Эстония фаъолият нишон додааст.