Оғоз аз 20 январи соли 2024 нархи чиптаи тезгард, аз ҷумла электропоезди «Афросиёб»ва поездҳои «Шарқ», «Насаф», «Ӯзбекистон» 20 фоиз боло меравад. Аз рӯи хабари «Ӯзбекистон темирйӯллари» тибқи қарори комиссияи тарифи байниидоравии назди Девони Вазирон , баҳри ислоҳи инфрасохтори роҳи оҳан, сӯзишворӣ-энергияи электрикӣ, хароҷотҳои транспорт ва логистика, инчунин, нав кардани парки вангонҳои мусофирбар, харид кардани поездҳои нави тезгард, вокзали роҳи оҳанро мувофиқи талаби давр нигоҳ доштан иборат аст. Нархҳои нав аз рӯи тарофа чунинанд:
Тошкент-Бухоро-Тошкент
ВИП -636 00 сум;
Бизнес — 462 000 сум;
Эконом -336 000 сум;
Тошкент-Қарши -Тошкент
ВИП -534 000 сум;
Бизнес -390 000 сум;
Эконом -282 000 сум;
Тошкент -Самарқанд-Тошкент
ВИП -396 000 сум;
Бизнес -276 000 сум;
Эконом -204 000 сум иборат аст.
Нархи чиптаи поездҳои «Афросиёб»,»Шарқ» ва «Насаф» боло меравад
