Ovozi.uz

Туркманистон ба Озарбойҷон экспорти газро манъ кард

Аз рӯи хабари «Trend Az» Туркманистон, ки ба воситаи Эрон ба Озарбойҷон газ содирот мекард, бо сабаби аз ӯҳдаи расонида додани шартҳои гуфтушуниди дуҷониба набаромадан дар соли 2024, экспорти газро манъ кардааст. Бояд гуфт, ҳоло байни Ашқобод ва Боку музокираҳо давом дорад. Агар муаммо ҳал гардад, дар соли 2024 расонида додани газ давом меёбад. Озарбойҷон аз соли 2022 сар карда гази туркманро импорт мекунад. Бояд гуфт, ки Туркманистон дар соли 2022 ба Озарбойҷон 0,9 миллиард куб метр ва дар соли 2023 бошад 2,6 миллиард кубометр газ расонида додааст.