Рӯзҳои 12-17-уми феврали соли равон дар Самарқанд ҷамъомади 14-уми конфронси иштирокчиёни Конвенсия дар бораи ҳифзи намудҳои кӯчманчии ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP14) баргузор мегардад.
Бино ба маълумоти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон, моҳи август аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон ва Котиботи CMS логотипи расмӣ ва шиори ин чорабинӣ тасдиқ карда шуд.
Дар логотипи конфронс, ки таҳти шиори «Табиат сарҳад надорад» гузаронида мешавад, нақшу ороиши ҷозибадори ёдгориҳои Осиёи Миёна ва бабри барфии болдор акс ёфтааст. Бабри барфӣ яке аз ҳайвонҳои нодири ваҳшии Ӯзбекистон буда, дар 12 кишвар паҳн гардидааст.
Гурбаи бузурги тавоно низ рамзи афсонавии Самарқанд буда, дар саросари кишвар, аз даромадгоҳи мадрасаи Шердор то пулҳои миллии Ӯзбекистон паҳн шудааст.
Ҳарчанд бабри барфӣ рамзи муқаддаси қувват ва хайрхоҳӣ аст, то рафт кам гардидани он боиси нигаронӣ мебошад ва бино ба маълумотҳо, дар табиат ҳамагӣ аз 2700 то 3300 бабри барфӣ боқӣ мондааст.
CMS COP14 аввалин вохӯрии глобалӣ оид ба гуногунии биологӣ пас аз қабули Асосҳои ҷаҳонии гуногунии биологии Кунминг-Монреал (GBF) дар соли 2022 хоҳад буд. Дар ин чорабинӣ вазифаҳои муҳими ҳифзи табиат ва ташаббусҳои нав, масъалаҳои зиёде, ки татбиқи GBF-ро дастгирӣ мекунанд, баррасӣ мешаванд.
Дар ҷамъомади байналмилалӣ, ки дар се сол як маротиба баргузор мешавад, масъалаҳои ҳифз ва барқарорсозӣ муҳити зист, инчунин таҳдидҳо ба намудҳои ҳайвонот, аз байн рафтан, тақсим шудан ва ифлос гардидани маконҳои зист ва таҳдидҳо ба тағйирёбии иқлим баррасӣ карда мешавад.
Инчунин, барои гузоришҳо ва дастурҳои нави бузург, аз ҷумла ҳисоботи аввалин дар бораи вазъи намудҳои кӯчманчии ҳайвонот, дастурҳои нави глобалӣ оид ба ифлосшавии рӯшноӣ ва пешниҳоди таҷрибаҳои пешқадам дар инфрасохтори хатӣ барои кам кардани таъсирот ба намудҳои кӯчманчӣ имконият фароҳам меорад.
Чорабиниҳо ва вохӯриҳои CMS COP14, аз қабили Ҷамъомади 54-уми Кумитаи доимии CMS, Сегменти сатҳи баланд ва Шаби чемпионҳои намудҳои кӯчманчӣ рӯзи 11-уми феврал баргузор мешаванд.
Дар чорабинӣ иштироки директори иҷроияи Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ И.Андерсен, сардиректори Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат Г.Агилар, раис ва директори генералии Хазинаи глобалии экологӣ К.Родригес, вазирони ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳои иштироккунандаи конвенсия, котиботи созишномаҳои байналхалқии экологӣ ва роҳбарони доираҳои пешқадами илмӣ дар назар аст.
Ёдовар мекунем, ки Конвенсияи CMS соли 1979 дар Бонн (Олмон) ба имзо расида, соли 1983 эътибор пайдо кардааст. 133 давлат аъзои Конвенсия мебошанд. Ӯзбекистон 1-уми сентябри соли 1998 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд.
CMS COP14 як конфронси байналмилалии сатҳи баланд аст, ки ҳукуматҳо, олимон ва ҷонибҳои манфиатдорро барои мувофиқа кардани стратегияҳо оид ба ҳифзи намудҳои кӯчманчӣ ва макони зисти онҳо муттаҳид мекунад.
Конфронси қаблии 13-уми ҷонибҳо аз 15 то 22-юми феврали соли 2020 дар шаҳри Гандинагари Ҳиндустон баргузор шуда, дар он беш аз 1000 намоянда аз 131 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Бояд гуфт, ки чунин чорабинӣ қаблан дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида нашудааст ва баргузории он аҳамияти таърихӣ дошта, аввалин чорабинии баргузоршуда дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад.
Самарқанд ба анҷумани байналмилалии дорои аҳамияти таърихӣ мизбонӣ мекунад
