Ovozi.uz

Дар ИМА бар асари сардии ҳаво 91 нафар ҷон доданд

Дар натиҷаи барфу шамоли пуршиддат ва ҳавои сарди ғайритабиӣ дар ИМА 91 нафар ҷон додаанд, хабар мекунад CBS NEWS. Чӣ тавре, ки маълум мешавад, дар штати Теннеси 25 нафар, дар Орегон бошад 16 нафар, се нафари онҳо дар оқибати афтидани дарахт ҷароҳат бардоштаанд. Бо туфайли обуҳавои вазнин ҳолатҳои марг дар штатҳои Иллинойс, Пенсилвания, Миссисипи, Вашингтон, Кентукки, Висконсин, Ню-Йорк, ва Ню-Ҷерси ҳам қайд гардидааст. Рӯзҳои 13-14 январ ба туфайли сардии арктикӣ аз ҷониби Конодо ҳарорати ҳавои ИМА низ ба дараҷаи рекордӣ (аз меъёр 11-16 дараҷа) паст рафтааст. Дар Чикаго ҳарорати ҳаво -34 дараҷа поин фаромада, ба бастани мактабҳо маҷбур шудаанд. Дар штати Монтана термометр -40 дараҷаро нишон медиҳад. Аз рӯи хабари обуҳавосанҷони минтақа ҳаво эҳтимоли то 56 дараҷа сард шуданашро дорад. Дар соҳили ғарбии штати Орегон зиёда аз 45 ҳазор абонент бебарқ мондаан ва ҳолати фавқулодда эълон шудааст. Дар штатҳои Пенсилвания, Калифорния, Ню-мексико, ва Индиана низ муаммоҳо бо хатти барқ қайд гардидааст. Тибқи маълумоти обуҳавосанҷон миёнаҳои ҳафта рӯзҳои 22-28 дар штатҳои Америка ҳавои нарм дар назар дошта шудааст.