Ovozi.uz

Духтарчаи сесола дар дунё ба сифати нависандаи аз ҳама ҷавон ба китоби Гиннес дохил шуд


Духтарчаи сесола аз Аморати Муттаҳилаи Араб Ал-Маҳа Рашид Ал-Маири ба сифати нависандаи аз ҳама ҷавони ҷаҳон ба китоби рекорди Гиннес дохил гардид. Дар ин бора рӯзномаи «UAE times now» менависад. Вай барои ҳамсолонаш дуто ҳикоя бо номҳои «Гул» ва «Занбӯри асал» нависта, ба чоп додааст. Дар як шабонарӯз ҳарду китоби ӯ зиёда аз ҳазор нусха ба фурӯхт рафтааст. Ӯ ҳаракат кардааст, ки дар ҳар ду китоб ба хонандагон аҳамияти ҳифзи нигоҳдории экологияро расонад Аз рӯи гуфтаҳои модараш бо ин мақсад Ал-Маҳа ба ҳамсолонаш то чӣ андоза муҳим будани ҳифзи муҳити атрофро баён кардааст. «Моҳи ноябри соли гузашта дар анҷумани COP28 иштирок карда, ман дар ниҳоди духтарам ҷой доштани ғояҳои офаридани ҳикояҳо дар мавзӯи ҳифзи муҳити атрофро ҳис кардам. Пас аз анҷуман мо аҳамияти нигаҳдории ҳифзи муҳити атроф ва дар ин бора зарурияти тарбияи бачаҳо аз давраи наврасиашро фаҳмидам. Ал-Маҳа малакаю маҳорати дониши худро хуб ба роҳ монд. Истеъдоди вай ва бовариаш моро ба китоби рекордхои Гиннес раҳнамо кард» -мегӯяд, модари ӯ.
Хотиррасон мекунем, ки пештар рейтинги миллиардери аз ҳама ҷавони дунё «Forbes» эълон гардида буд.