Ovozi.uz

САМАРҚАНД ҲАМЕША СӮЙИ ХУД МЕКАШАД…

Солҳо ва тақдирҳо

Оре, аҷибу шавқангез аст, касби журналистӣ! Он бо тақозои вазифа бо одамони гуногун рӯ ба рӯ мекунад, нисбати ӯ барои чизе навиштан водор месозад.
Воқеан, дар камина ҳангоми ҷамъ овардани мавод оид ба нахустин муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», машъалафрӯзи фарҳанг Абдуқаюм Қурбӣ (равонаш шод бод!) бо яке аз пайвандони ӯ Ҳаким Истамов чунин ҳолат рӯй дод. Баъди бо вай аз наздик шинос шудан дарк кардам, ки Ҳаким Истамов бо донишу заковати инсонӣ, ҷиддияту ҷавонмардӣ, аҳду вафо, хоксориву далерӣ, сабру дурандешӣ муаммоҳои зиндагиро таҳаммулгарона паси сар карда, ба муроди дил расидааст. Тааҷҷубовару боварнокарданист, вале ҳақиқати раднопазир, ки чӣ гуна ин марди покниҳоду барнодили 75‑сола ғайр аз корҳои илмӣ, сафарҳои эҷодӣ анҷом медиҳад, вақт ёфта ба театру кино меравад, бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, ҳар рӯз беш аз панҷ ҳазор қадам пиёда мегардад ва фурсат ёфта бо хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкасбону шогирдон тавассути телефону интернет сӯҳбат меорояд, ба ҳаракати ҷадидӣ ва албатта ба қаъри таърих ғӯта зада, китоб менависад аз зиндагиномаи бобоҷони нокому қурбони ҷаҳолат.
Инак, чанд лаҳза аз зиндагиномаи ҷонишини директори Донишкадаи тиббии экологӣ ва иммунологияи Русия, доктори фанҳои биологӣ, профессор Ҳаким Истамов, ки таи 50‑сол дар шаҳри Москав бо корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ машғул аст.
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд…
Он айём ӯ дар мактаби рақами 43‑юми шаҳри Самарқанд таҳсил мегирифт. Соли 1962 дар рӯзномаи маъруфи «Пионерская правда» доир ба падари генетика Николай Дубинин мақолаи шавқангез чоп шуд. Дар он навиштаанд, ки собиқ тарбиягирандаи ятимхона Николай Петрович дар 23‑солагӣ барои кашфиёти «Таъсири ирсият ба инсон» соҳиби Ҷоизаи байналхалқии Рокфеллер шудааст. Рӯзномаро ҳам талабагону ҳам муаллимон бо завқу шавқ мутолиа карданд.
Омӯзгори фанни биология таваҷҷӯҳи шогирдонро мушоҳидакунон таъкид кард, ки «шумо, бачаҳо, аз Дубинин кам нестед ва барои дониш гирифтан ҳам шароиту ҳам парастор доред. Фақат хондан лозим».
Ҳаким Истамов соли 1966 номаи камолро гирифт ва бо маслиҳати роҳбари синфаш ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт.
Устодаш профессор Маматқул Икромов барои назарияро бо амалиёт пайвастан шогирдонро ба кӯҳсори зодгоҳаш — дараи хушҳавои Оҳалик — Шаҳнондара мебурд, ки онҳо дар оғӯши табиат бо наботот аз наздик шинос шаванд ва хусусиятҳои онҳоро омӯзанд, дар рӯди шаффофу шифобахш оббозӣ карда, моҳӣ доранд, бофароғат истироҳат кунанд ва барои эҳёи муҳити атроф саҳмгузор шаванд.
— Дар курси саввум масъалаи интихоби ихтисос пеш омад, — гуфт Ҳаким Исматов. — Ман ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфи 7‑ум ба таври қатъӣ қарор кардам, ки мутахассиси соҳаи генетика мешавам ва Амирхонов Н.А. сарфи назар аз он ки ихтисосаш ботаника буду мехост, ман аз пайи ӯ равам, маро дастгирӣ кард. Вале ман ҳамон бо ботаника машғул мешудам, чунки таҷрибаҳои худро дар растаниҳо месанҷидам, аз ҷумла дар ангур.
Вақте ки ӯ дар курси панҷум таҳсил мегирифт, донишҷӯёнро чун анъана барои ғунучини пахта ба ноҳияи Иштихон сафарбар карданд. Маҳз дар ҳамин ҷо вай таъсири манфии моддаи дефолитро ба инсон ва ҳайвонот фаҳмид. Гап дар сари он буд, ки аз осмон ҳавопаймои «Ан‑2», болои сари ҳашарчиён дору мепошид, ки барги ниҳолҳои пахта резанд. Ба эътирози мардум роҳбарони хоҷагӣ ва вилоят бепарво мегуфтанд, ки доруи химиявӣ барои одам безарар аст. Тазоди зиндагиро бинед, ки Ҳаким Истамов «шӯришгар»-и ашаддӣ шуд. Зеро кори дипломии ӯ доир ба зарари бутифосу дефолит ба вуҷуди зинда, алалхусус инсон буд. Вай ҳатто ба Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ мактуби шикоятӣ навишт ва таклиф кард, ки барои резондани барги ниҳолҳои пахта аз асбобҳои заминӣ истифода бурдан лозим.
Сипас ӯ ин ғояи худро ҳангоми навиштани рисолаи номзадӣ низ ба миён гузошт. Роҳбари илмиаш Николай Дубинин медонист, ки ҳаракатҳои шогирдаш ба роҳбарони Ӯзбекистон ва Москав маъқул нахоҳад шуд. Зеро дар он замон яккаҳукмронӣ дар арсаи ҷаҳонӣ оиди истеҳсоли «тиллои сафед» зарур буд. Бинобар ҳамин, Николай Петрович ба шогирдаш гуфт, ки кори илмиашро дар Украина чоп кунад, муқобилият намешавад. Истамов ба маҷаллаи «Ситилия и генетика» кори илмиашро ирсол намуд. Дубинин ба муҳаррири нашрия, ки дӯсти наздикаш буд, занг зада аҳволро фаҳмонд.
Дере нагузашта, иншои олими ҷавони самарқандӣ диққати умумро ба худ кашид. Бо ин муаммо СММ машғул шуда, дар хоҷагиҳои пахтакорӣ аз осмон заҳрпошӣ қатъ гардид.
Турфа шогирде, ки дар ҳайрат гузошт устодро…
Ҳаким Истамов баъди гирифтани дипломи мактаби олӣ фаъолияти меҳнатиро дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии қарокӯлпарварии Самарқанд оғоз намуд. Дар мавзӯи «Таъсири чор намуди химикатҳои заҳролуд ба ҷисми зинда» кори илмӣ бурд. Ва ӯ бо далелҳои раднопазир исбот кард, ки маҳз дефолит сабабгори пайдоиши баъзе намудҳои бемориҳои хавфнок аст. Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси тавсия ва пешниҳоди олими самарқандӣ истифодаи моддаи бутефосро дар хоҷагии қишлоқ манъ кард. Ҳаким Истамов бо натиҷаҳои тадқиқотҳои мӯшикофонаи хеш аз минбарҳои бонуфузи байналхалқӣ баромад карда, диққати тамоми олимони ҷаҳонро ба ин масъала ҷалб намуд. Охир, тавсияи Ҳаким Истамов одамонро аз беморӣ, замину об ва ҳаворо аз таъсири манфии моддаи заҳролуд нигоҳ медошт.
Афсӯс, ки шахсони худбину кӯтоҳандеш пайдо шуданд, ки генетика ва кибернетикаро фанни бефоида ҳисобиданд. Бинобар муҳити носолим Дубинин аз вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ сабукдӯш гардид.
Академик Раҳим Ҳаитов ба ҳамватанаш дасти ёрӣ дароз кард ва барои дар Донишкадаи химия ва коркарди нафт ба ташкил кардани ташхисхона кӯмак дод. Воқеан ӯ барои дар ватани маҳбуб — Ӯзбекистон бунёд намудани пажӯҳишгоҳи мазкур саҳми арзанда гузошта буд. Дар маросими тантанавор кушода шудани он Николай Дубинин ва Ҳаким Истамов аз Москав ба Тошканд омаданд.
Тасодуфро бинанд, ки Ҳаким Исломович дар як купе бо адиби машҳур Сотим Улуғзода омад ва ӯ ба набераи Абдуқаюм Қурбӣ дар бораи бобояш хотироти аҷибу шавқангезро нақл кард. Вақти хайрухуш нависанда Сотим Улуғзода коғазеро бо соядасти худ ба Ҳаким Истамов дод, ки дар он чунин байтҳои Саъдӣ сабт гардида буданд:
Моро биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст…
Дониш — чароғи ақл
Қаҳрамони очерки мо Ҳаким Истамов шахси пурдида ва ҷаҳонгашта аст. Вай дар қитъаи Амрико, Олмон, инчунин Италия, Фаронса, Ҷопон ва дигар кишварҳои ҷаҳон азми сафар карда, бо олимону ҳамкасбон риштаҳои дӯстӣ дорад.
— Ман оламу одамони бисёреро дидам, — гуфт Ҳаким Исломович, — аммо Самарқанд ҷону дилам. Хеле хушҳол ҳастам, ки зодгоҳам ба ҷаннати рӯйи Замин табдил ёфтааст. Ҳар гоҳ тавассути оинаи нилгун шаҳри азизу муқаддаси худро мебинам, беихтиёр таъбам болида гашта, замзама мекунам:
Биё, хуш, дилнишин,
ҷӯши баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ,
лоларӯён дар Самарқанд аст.
Ҳоло шаҳри мо бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлат, Шавкат Мирзиёев ниҳоят ободу зебо гардид. Бовар кунед, чанде пеш бо меҳмонон ба Самарқанд омадем ва қариб, ки кӯча ва хиёбонҳои онро нашинохтем. Иншоотҳои замонавӣ қад афрохтаанд, шаҳракҳои нав бунёд шудаанд, ёдгориҳои меъморӣ аз таъмири хушсифат баромада, онҳоро сайёҳон аксбардорӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳамсари Ҳаким Исматов Иринабонуи хӯҷандӣ таълими миёнаро дар Самарқанд гирифта, Донишкадаи авиатсияи Москваро хатм кардааст. То нафақа дар бюрои конструктории киштии кайҳонии «Буран» фаъолият бурд. Онҳо ду нафар фарзанд доранд. Темуршоҳ иқтисодчӣ ва Умедабону соҳибкор аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА