Ширкати Tesla ният дорад дар соли 2026 ба муштариён 1,82 миллион мошин расонида диҳад.
Ширкати Tesla дар семоҳаи сеюми соли 2026 ба муштариён 486 ҳазору 532-то мошин фурӯхтааст. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки ширкат пас аз ду соли коҳиши пайдарпайи фурӯш метавонад соли 2026-ро бо афзоиши савдо ҷамъбаст кунад.
Ба афзоиши талаботи мошинҳои Tesla, дар бозори Аврупо зиёд шудани дархостҳои муштариён кӯмак менамояд.
Дар Иёлоти Муттаҳида бошад, бинобар ба анҷом расидани имтиёзи федералии андоз ба миқдори 7 500 доллар барои харидорони мошинҳои барқӣ дар охири моҳи сентябри соли 2025, интизор мерафт, ки фурӯши Tesla дар муқоиса бо семоҳаи сеюми соли гузашта, ки барои ширкат давраи рекордӣ буд, коҳиш ёбад.
Tesla ният дорад дар соли 2026 1,82 миллион мошин расонидани диҳад. Ин рақам аз пешбинии моҳи июн, ки 1,65 миллион мошинро ташкил медод, бештар аст. Барои он ки натиҷаи солонаи ширкат ба нишондиҳандаи соли гузашта баробар шавад, Tesla бояд боз 311 ҳазору 448 мошини дигарро ба муштариён расонад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи сармоягузорон на танҳо ба фурӯши мошинҳои Tesla, балки ба нақшаҳои Илон Маск дар соҳаи зеҳни сунъӣ, робот-таксиҳои худгард ва роботҳои одаммонанд низ равона шудааст.
Ҳоло, арзиши бозории Tesla тақрибан 1,4 триллион долларро ташкил медиҳад. Ширкат натиҷаҳои молиявии семоҳаи сеюми худро 21-уми октябр эълон мекунад.
