Ovozi.uz

Ӯзбекистон дар Бозиҳои XX Осиё бо 70-то медал мақоми панҷумро ишғол кард

Бозиҳои XX Осиё, ки дар Япония бо иштироки беш аз 11 ҳазор варзишгар, ки аз 45 кишвар иштирок карданд, ба анҷом расиданд.

Ҳайъати варзишии Ӯзбекистон, ки дар бузургтарин мусобиқаи варзишӣ иштирок карданд, 396 варзишгар аз рӯи 42 намуди спорт барои ҳимояи шарафи кишвар талош намуданд. Варзишгарони ӯзбекистонӣ дар мусобиқа натиҷаҳои назаррас нишон дода, ҷамъ 70- то медал ба даст оварданд ва дар ҳисоби ҷамоавии умумӣ мақоми панҷумро ишғол карданд.

Бозиҳои Осиё — Аичи–Нагоя-2026 барои варзишгарони Ӯзбекистон марҳилаи муҳими омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 гардид. Дар баъзе аз намудҳои варзиш барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ рақобат сурат гирифт, ки аҳаммияти мусобиқаро боз ҳам бештар кард.

Намояндагони Ӯзбекистон дар ҷараёни мусобиқа 21 медали тилло, 25 нуқра ва 24 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ҷадвали медалҳо Чин бо 169 медали тилло, 89 нуқра ва 83 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Япония бо 83 медали тилло, 95 нуқра ва 91 биринҷӣ дар ҷойи дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 39 медали тилло, 43 нуқра ва 68 биринҷӣ зинаи сеюм, Ҳиндустон бо 21 медали тилло, 27 нуқра ва 37 биринҷӣ дар мақоми чорум қарор гирифт. Ӯзбекистон бошад, бо натиҷаи 70 медал панҷгонаи беҳтарини мусобиқаро ҷамъбаст кард.