Ovozi.uz

Фоидаи сиркои себ барои бемориҳо

Сиркои себ як давои универсалӣ барои бисёр бемориҳост. Илова бар ин, шумо метавонед онро дар хона ба осонӣ тайёр кунед.

  • Дарди гулӯро таскин медиҳад. Як стакан оби гармро бо чор қошуқ сиркои себ омехта кунед. Ҳар соат бо ин маҳлул ғарғара кунед, то ҳамаи бактерияҳоро нест кунед.
  • Роҳи биниро мекушояд. 1 чой қошуқ сиркоро дар як истакон об омехта кунед ва ҳангоми махкам шудани бинӣ нӯшед. Шумо метавонед ин маҳлулро ба бинӣ чаконед.
  • Сабӯсакро нест мекунад. Сирко ва обро омехта карда ба мӯйи худ пошед. Саратонро бо сачоқ печонед ва 15 дақиқа нигоҳ доред.
  • Судоргаҳои шабонаро рафъ мекунад. Ду қошуқ сиркоро бо як чойқошуқ асал ва як истакон оби ширгарм омезед. Ҳар саҳар ин омехтаро бинӯшед, хоб хеле осонтар мешавад.