Ovozi.uz

Имсол дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ чӣ гуна корҳо амалӣ мегарданд?

Имрӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки масъулони Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи сарвари садорат Фаррух Болтаев дар бораи корҳое, ки соли 2023 дар соҳаи таълим амалӣ гардиданд ва вазифаҳои устувор дар соли 2024 ҳафр зад.
Фаррух Болтаев дар нутқи худ чунин маълумотҳоро пешниҳод кард:
– соли 2023 дар вилоят 14 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ, 8-то кӯдакистон дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ, 342-то кӯдакистони ғайридавлатӣ ташкил гардида, шумораи умумии кӯдакистонҳо ба 4075 адад расид ва сатҳи фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ ба 70,4 фоиз расонида шуд.
Дар соли 2024 ба 71,6 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ пешбинӣ шудааст.
– дар соли таҳсили 2022-2023 нишондиҳандаи қабули хатмкунандагон ба муассисаҳои таълими олӣ 40,5 фоизро ташкил кард, ки ин рақам нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 чор фоиз афзудааст.
1200 нафар хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ пеш аз муддат ба муассисаҳои таълими олии хориҷӣ қабул гардиданд.
– соли гузашта 56619 нафар омӯзгорон тавассути платформаи такмили ихтисоси касбии бевосита такмили ихтисос карда, соҳиби сертификатҳо шуданд.
Инчунин, 1080 нафар роҳбар ва кормандони ташкилотҳои таълими томактабӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос таҷриба зиёд карданд.
Соли равон ҷалб кардани 60072 нафар омӯзгорони мактабҳо, 1120 нафар кормандони ташкилотҳои таълими томактабӣ ба курсҳои такмили ихтисос дар назар аст.
– Соли гузашта дар 68 мактаби ҳамагонӣ системаи нави баҳогузорӣ роҳандозӣ гардид ва соли ҷорӣ боз дар 100 мактаб татбиқи чунин системаи нав пешбинӣ шудааст.
Дар идома сарвари шӯъбаи Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ғайрат Бобохолов дар бораи мазмуну моҳияти қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29-уми декабри соли 2023 таҳти рақами 692 “Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17-уми сентябри соли 2021 “Дар бораи чораҳои такмилдиҳии тартиби аз аттестатсия гузаронидани кадрҳои педагоги ташкилотҳои таълимии томактабӣ, умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва берун аз мактаб” таҳти рақами 572 ба муносибати такмилдиҳии тартиби аз аттестатсия гузаронидани кадрҳои педагоги ташкилотҳои таълимии томактабӣ, умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва берун аз мактаб” маълумот дод.

Ф.ЮЛДОШЕВ