Ovozi.uz

ОДАМИ ИЛМАШ ЗӮР АЗ БОЗУЗӮР «ЗӮР»

Одам агар бачаҳоеро бинад, ки илмдӯст, китобхон ва дар мактаб бо шавқу завқи беандоза мехонанд, ботинан хурсанду мамнун мегардад. Мо дар мактаби таълими умуми рақами 154‑и ноҳияи Ургут, ки дар маҳаллаи Мерганча воқеъ аст, бо чунин хонандагон вохӯрдем. Инҳо сардорони синфҳои ин мактаб буданд. Албатта, Ҷасмина Маҷидова, Дилнура Зубайдуллоева, Ҳасан ва Ҳусайн Суяровҳо, Фатҳия Замирова, Улуғбек Маҷидов, Муҳаммад Абдуманнонов, Шаҳзода Муродуллоева, Фарангиз Рустамова барин сардорон нисбати дигар хонандагони мактаб аълохону фаъол ва дар ҳама бобат намуна ҳастанд.
Ин мактабро бо дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи дӯстиву бародарии ду халқу миллат — ӯзбекону тоҷикон бунёд кардаанд. Он барои 640 нафар хонанда пешбинӣ шуда, мувофиқи лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст. Мактаб кабинетҳои махсуси биология, физика, химия ва лабораторияҳои ҷиҳозонидашуда дорад. Дар рӯзи ифтитоҳи мактаб президентҳои ду мамлакат — Ӯзбекистону Тоҷикистон ба тарви онлайнӣ иштирок карданд.
Мо бо сардорон оиди таҳсил, рафти азхуд кардани дарсҳо ва аҳамияти хонишу илмомӯзӣ сӯҳбат кардем.
— Мо агар забони модариамон — ӯзбекиро ба дараҷаи аъло омӯзем, имкониятамон барои омӯхтани забонҳои дигар васеътар мегардад. Ҳамааш ба якдигар вобаста аст. Барои ҳамин, мо ҳозир баробари забони модарӣ омӯхтани забони русӣ ва англисиро якҷоя пеш мебарем. Одаме, ки забони модариашро хуб медонад, барои омӯхтани забонҳои дигар азоб намекашад. Забони модариамон бой аст. Он боиси шаъну шараф ва ғурури мост, — гуфт Ҷасмина Маҷидова.
— Шумо дар синфи чандум мехонед? — пурсидем аз ӯ.
— Ман дар синфи 9‑ум мехонам. Дар синф 26 нафар донишомӯзон таҳсил мегиранд. Аз сабаби он, ки ин мактаб имсол ташкил ёфт, мо ҳамчун хонандагони беҳтарин аз мактабҳои гуногуни ноҳия барои хондан омадем. Ҳозир бештар аз 50 фоизи хонандагони синфи мо нағз мехонанд. Рӯз аз рӯз сафи хонандагони аълохонамон зиёд мешавад.
— Барои хубу аъло хондан худатон кӯшиш мекунед ё ягон кас рӯҳбаланд ҳам мекунад?
— Аввало, худам нағз хондан мехоҳам. Баъд барои хубу аъло хондан падару модарам ҳам рағбатнок мекунанд. Аз ҳама зиёд модарам. Он кас муаллима мебошанд. Модарам барои ба маҳфилҳои забони русиву англисӣ рафтанам раҳнамоӣ карданд. Худи ман ба ин мактаб аз мактаби рақами 43 омадаам. Дар синфи мо хонандагони аълохон бисёранд. Дар байни муаллимон гап-гап ҳаст, ки баъзе хонандагонро барои гирифтани медали тилло пешбарӣ менамоянд.
— Худи шумо дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
— Ман фанни ҳуқуқро дӯст медорам. Ният дорам, ки дар оянда дипломат шавам. Ба Амрико, Британияи Кабир, Корея ва дигар мамлакатҳо сафар карданро ҳам ба нақша даровардаам. Мехоҳам, ки дар он ҷойҳо шуда, ҳам худамро нишон диҳаму ҳам аз онҳо таҷриба омӯзам.
— Солҳои охир шавқу рағбати хонандагон ба таълимгирӣ каме суст шудааст. Сафи хонандагони пешқадаму аълохонро чӣ хел зиёд кардан мумкин аст?
Ба ин савол сардори дигар Дилнура Зубайдуллоева чунин ҷавоб дод:
— Дар мактаби мо дар ҳар синф хонандагон ба тоифаҳои сурху зарду сабз ҷудо карда шудаанд. Мо кӯшиш менамоем, ки талабаҳои сустхонро аз тоифаи сурх аввал ба тоифаи зард ва баъд ба тоифаи сабз гузаронем. Бо ҳамин роҳ шумораи хонандагони беҳтаринро зиёд мегардонем.
— Ҳоло ҳушу ёди бачаҳо аз хондан дида, ба телефону бозиҳои компутерӣ банд аст…
— Мо хонанда ном дорем ва дар мактаб вазифаи асосии мо илму дониш омӯхтан аст. Телефонбозӣ дар мактаби мо қариб ки нест. Аз рӯи баъзе ҳисобу китобҳо ҳоло 67 фоизи наврасону ҷавонон вақти худро бо телефону компутер беҳуда мегузаронанд. Вале ҳамон 67 фоизро 33 фоизи хонандагон роҳбарӣ мекунанд. Хоҳем ё нахоҳем, дар оянда одамони илму донишдор пеш баромада, роҳнамоӣ мекунанд. Охир беҳуда намегӯянд, ки одами илмдор аз бозузӯр пештар аст.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.