Ovozi.uz

Таъсири телефони мобилӣ ба инсон


Нуқтаи назар

Имрӯз аксарияти инсонҳо телефон доранд ва аз он хеле фаъолона истифода мебаранд. Яъне, ҳар кадоми мо ҳиссаи назарраси радиатсияи электромагнитӣ қабул мекунем. Дар хоб ва бедорӣ телефони мобилӣ ҳамроҳи мост. Мо субҳи худро бо соати зангӯладор, тамошои навори ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гӯш кардани мусиқӣ дар нақлиёт ва ғайра мегузаронем.
Ширкатҳои мобилӣ иддао доранд, ки чунин дастгоҳҳо комилан безараранд ва дар айни замон нақшаи таърифҳои бештар ва ҷолибтарро таблиғ мекунанд. Якчанд даҳсолаҳо боз дар саросари ҷаҳон таҳқиқоти давомдор барои исбот ё рад кардани таъсири манфии дастгоҳҳои мобилӣ ба бадани инсон гузаронида мешаванд.
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), ки дар чаҳорчӯби СММ таъсис ёфтааст, ҳатто як барномаи алоҳидаро дар ин самт роҳандозӣ кардааст. Тибқи таҳқиқоти он, радиатсияи электромагнитӣ ба тамоми бадан таъсири манфӣ мерасонад, аммо аз ин мавҷҳо бештар системаи репродуктивӣ ва асаб, инчунин системаи иммунӣ зарар мебинанд. Ва бадтаринаш ин аст, ки аз сабаби истифодаи доимӣ, зарари телефони мобилӣ боз ҳам бештар мешавад. Ин ҳатто метавонад ба як қатор осебҳои бебозгашт ба системаи асаб, саратон, ихтилоли гормоналӣ ва ғайра оварда расонад. Дастгоҳҳои мобилӣ барои кӯдакон ва занони ҳомила, истифодабарандагони дорои иммунитети заиф, моилони аллергия, бемориҳои дилу раг ва ғайра ниҳоят хатарноканд.
Бешубҳа, бисёриҳо ба нороҳатӣ ва чарх задани сар, зиёд шудани хастагӣ ва дилбеҳузурӣ, бехобӣ аҳамият намедиҳанд ва ин ҳамаро ба суръати тези ҳаёт вобаста медонанд. Дар асл, шароити ҷисмонӣ низ метавонад бо истифодаи доимии дастгоҳи мобилӣ алоқаманд бошад. Ҳатто ходисаҳои ихтилоли асаб ва баланд шудани ҳарорати бадани инсон бе ягон сабаб борҳо кайд карда шудаанд.
Ҳамин тавр, зарари смартфон воқеият аст, ки онро таҳқиқоти ҷиддӣ ва давомдор дар ин самт дастгирӣ мекунанд. СУТ оқибатҳои зиёди манфии истифодаи дастгоҳи мобилӣ, ҳатто бемории Алтсгеймер ва худкуширо қайд кардааст.
Ҳамин ки мо бо дастгоҳи мобилии худ занг мезанем ё қабул мекунем, аллакай аз сонияи понздаҳуми сӯҳбат мо метавонем депрессияи ритми майна, пас аз ин баланд шудани ҳарорати гӯш ва пардаи он, дар айни замон — қисми мағзи сарро ҳосил кунем. Олимони Шветсия таҷрибае анҷом доданд, ки ҳатто ду дақиқа сӯҳбат бо телефон метавонад монеаи гардиши хун шуда, кори мағзи сарро вайрон кунад ва пас аз гузоштани телефон як соати пурра он барқарор нахоҳад шуд. Оқибати ин метавонад ворид шудани сафедаҳои заҳролуд ба бофтаи майнаи мо бошад. Агар шахсе, ки ба бемориҳои системаи асаб майл дорад (ё аз онҳо ранҷ мекашад) бо телефон сӯҳбат кунад, ҳатто метавонад ба сактаи эпилептикӣ гирифтор шавад. Чунин шахсон бояд истифодаи дастгоҳи мобилии худро то ҳадди ақал нигоҳ доранд, зеро ин ба асабият (неврастения), ихтилоли хоб ва хотира алоқаманд аст.
Бо назардошти он, ки одами муосир телефони худро ҳамчун соати зангӯладор пайваста истифода мебарад, беҳтар аст, ки ҳангоми хоб онро аз сар дур нигоҳ дорад. Ба касе пӯшида нест, ки вайроншавии фаъолияти ҷинсӣ, одатан ба кори системаи нейроэндокринӣ ва асаб бевосита алоқаманд аст. Исбот шудааст, ки дастгоҳи мобилӣ ба системаи репродуктивии мардон ва занон, хусусан онҳое, ки дастгоҳро дар кисаи шимашон нигоҳ медоранд, таъсири бениҳоят манфӣ мерасонад. Зарари телефони мобилӣ барои занҳо камтар ҷиддӣ нест. Бисёре аз занони ҳомиладор низ бештари рӯзро бо сӯҳбати телефонӣ мегузаронанд. Мутаассифона, ин метавонад боиси оқибатҳои ниҳоят фалокатовар, аз ҷумла таваллуди кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ, таваллуди бармаҳал, бачапартоӣ ва ғайра шавад.
Дастгоҳҳои мобилӣ ба биниши мо низ таъсири манфӣ мерасонанд. Ва гап дар ин ҷо на танҳо дар он аст, ки чашмҳо аз экрани сенсории дурахшон хаста мешаванд ва мушакҳои чашм шиддати шадидро эҳсос мекунанд, балки радиатсияи электромагнитӣ ба гардиши хун таъсир расонида, боиси оқибатҳои манфӣ мегардад. Зарари смартфон дар ин ҳолат дар баланд шудани фишори хун низ зоҳир мешавад.

Тибқи пажӯҳишоти олимон, аксарияти мутлақи одамон ҳангоми сӯҳбат бо пахш кардани гӯшмонак ба гӯши худ зарари ҷуброннопазир меоранд. Дар асоси ин, ҳатто стандартҳои муайяни санитарӣ таҳия карда шудаанд, ки сатҳи иҷозатдодашудаи радиатсияи микромавҷҳои шиддатнокии баландтаринро нишон медиҳанд. Сарчашмаи асосии он мавҷгир буда, радиатсияи камтар пурқувватро ҷузъҳои дигари дастгоҳ, аз ҷумла интиқолдиҳанда ва қабулкунанда истеҳсол мекунанд.
Имрӯз меъёрҳо ва қоидаҳои санитарии Федератсияи Русия низ тавсия медиҳанд, ки истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ аз ҷониби шахсони ноболиғ маҳдуд карда шаванд.
Дар мактабҳои Бритониё истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ манъ карда шуд. Дар Бангладеш агар волидайн ба фарзандонашон иҷозати истифодаи дастгоҳҳои мобилиро диҳанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Дар Фаронса кӯшиш доранд, ки зарари смартфонҳо ба ҳадди ақал расононда шавад. Ба хонандагони синфҳои болоӣ ва хурдсол истифодаи ин дастгоҳҳо дар дохили деворҳои мактаб расман манъ аст.
Илова бар ин, таблиғоти телефони мобилӣ набояд ба шахсони то 14‑сола нигаронида шавад. Тахмин меравад, ки ҳамаи ин насли наврасро аз шуоъҳои зарарноки электромагнитӣ муҳофизат мекунад. Дар мавриди операторони алоқаи мобилӣ аз онҳо истифодаи дастгоҳҳои махсусе, ки барои паст кардани сатҳи радиатсияи зарарноки электромагнитӣ пешбинӣ шудаанд ва инчунин дар бораи чӣ гуна радиатсия доштани таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ мунтазам гузориш диҳанд. Мутаассифона, истеҳсолкунандагони дастгоҳҳои мобилӣ дар ин бора ақидаи худро доранд ва аз ин рӯ онҳо бо ҳар роҳ ба тадқиқоти илмӣ дахолат ва инчунин кӯшиш мекунанд, ки натиҷаҳои худро пинҳон доранд.
Парвандаи як зумра олимоне баррасӣ шуд, ки тадқиқотҳои онҳо зарари телефони мобилиро ба бадани инсон пайваста рад мекарданд. Бо вуҷуди ин, ба зудӣ маълум шуд, ки тамоми таҳқиқот қисман ё пурра бо дархости операторони мобилӣ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти мобилӣ анҷом дода шудаанд. Зиёда аз ин, парвандаи машҳури Андерс Ахлбом боз шуд, ки барои исботи «безарарӣ»-и радиатсияи электромагнитӣ мукофотҳои пулӣ гирифтааст. Дар натиҷа, профессор вазифаи худро аз даст дод ва фавран аз IARC хориҷ карда шуд.
Ба замми ин, ҳодисаҳои таркиши батареяи телефон борҳо ба қайд гирифта шудааст. Одатан, ин ба дастгоҳҳои мобилии ғайримуқаррарӣ, инчунин дастгоҳҳои истеҳсолкунандагоне, ки он қадар машҳур нестанд, дахл дошт. Ҳатто баъзеи таркишҳои батарея хеле фоҷиабор анҷом ёфтааст. Масалан, як сокини 29‑солаи Ҳиндустон ҳангоми таркидани батареяи телефон ба ҳалокат расид.
Бо вуҷуди ҳамаи гуфтаҳои боло, мо имрӯз бе алоқаи мобилӣ кор карда наметавонем. Аз ин рӯ, риоя кардани чанд тавсияҳои одӣ муфид хоҳад буд, то зарари смартфонро ба бадани мо коҳиш диҳанд. Биёед, аз лаҳзаи хариди дастгоҳи нав оғоз кунем. Ҳар як смартфон ва телефон бояд ҳуҷҷатҳое дошта бошад, ки қувваи радиатсияро нишон медиҳад. Агар шумо байни якчанд дастгоҳ интихоб дошта бошед, беҳтар аст онеро интихоб кунед, ки чунин рейтинги он пасттар мебошад. Ҳанӯз дар соли 1996, рӯйхати телефонҳое нашр гардид, ки сатҳи пасттарин ва баландтарини чунин радиатсия доранд. Тавсия дода мешавад, ки аз дастгоҳи мобилӣ танҳо дар ҳолати зарурӣ истифода баред ва пайваста беш аз 3–5 дақиқа сӯҳбат накунед. Ҳангоми хоб дар паҳлӯи болишт гузоштани соати зангӯладор метавонад боиси хобҳои даҳшатнок, вайроншавии хоб ва дар натиҷа вайрон шудани ритми биологӣ гардад. Телефони мобилии мо пайваста мавҷҳои электромагнитӣ мебарорад, ки ба бадан таъсири манфӣ мерасонанд ва аз ин рӯ беҳтар аст, ки шабона онро хомӯш намуд ва аз бистар дуртар ҷойгир кард.
Тарҷума ва омодаи Ф.ШУКУРОВ
аз маводи шабакаҳои иҷтимоӣ.