Дар моҳи аввали соли равон дар аксарияти идора ва ташкилотҳои давлатӣ натиҷаҳои фаъолияти яксоларо ҷамъбаст мекунанд. Дар конфронси матбуотие, ки ба қарибӣ дар Хонаи матбуот баргузор гардид, ҷонишини сардори Садорати адлияи вилоят Мақсуд Қурбонов роҷеъ ба навигариҳое, ки дар соли 2023 талаб ва хоҳишҳои шаҳрвандонро ба эътибор гирифта, барои аз хидматҳо осон ва қулай истифода бурдани онҳо роҳандозӣ шудаанд, маълумот дод.
Аз ҷумла, 85 хидмати нави давлатӣ роҳандозӣ гардид.
Дар пардохти музди хидмати давлатӣ боз як навигарӣ амалӣ шуд ва акнун пардохт барои хидмати давлатие, ки истифода бурдаанд, боз ҳам осонтар мешавад. Аз ин рӯ ба воситаи ty.gov.uz ё ки маркази хидматҳои давлатӣ барои додани музди хидматҳое, ки расонда шуданд, ба як-як чидани рақамҳо дар назди «касса» ҳоҷат нест. Барои ин дар сохторҳои оммавии пардохт QR-коди дар инвойс бударо сканер карда, пардохтро осон метавон амалӣ намуд. Аз имконияти мазкур алҳол ба воситаи сохторҳои пардохти «Payme», «Click» ва «U-pay» метавон истифода бурд. Инчунин, дар шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва МҲД терминалҳои пардохт (инфокиоск) гузошта шудаанд.
Бо мақсади барои шаҳрвандон фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид мувофиқи тақсимоти муайяншудаи вақти корӣ як қисми ходимон бар асоси навбатдорӣ аз соати 08:00 то 17:00, қисми дигар — аз соати 09:00 то 18:00 бефосила кор мекунанд.
Соли гузашта дар Маркази хидматҳои давлатӣ барои шахсоне, ки дар шунавоӣ ва сухан гуфтан нуқс доранд, ба сифати санҷиш дар 4 шӯъбаи калон хидмати сурдо-тарҷумонӣ роҳандозӣ гардид.
Онҳо барои таъмини мулоқоти байни шаҳрванд ва ходим ёрӣ мерасонанд.
Дар соли 2023 дар 16 маркази хидматҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд бо мақсади тасдиқ кардани шахс барои додани калидҳои имзои рақамҳои электронӣ 144 сканерҳои нақши ангушт гузоштанд.
Инчунин, барои фароҳам овардани шароити мусоид дар гирифтани хидматҳои давлатӣ дар марказҳои хидматҳои давлатии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 146 дастгоҳи NFC reader (хондани ID-карта) монданд.
Барои боз ҳам оммавитар шудани истифода аз хидматҳои электронӣ расондани хидматҳои электронӣ ба воситаи банкҳои тиҷоратӣ, сохторҳои пардохти онлайн ва иловаҳои мобилии операторҳои робитаи мобилӣ роҳандозӣ гардид (бо «Zoomrad»-и «Алоқабанк», «Agro mobile»-и «Агробанк», «Xazna»-и Бонки халқӣ, «Payme», «Uztelekom», «Mobi.uz» ва ғайра). Дар натиҷа дар ҷамъбасти соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳиссаи хидматҳое, ки ба шакли электронӣ расонида мешаванд, 64 фоизро ташкил карданд.
Инчунин, барои хидматҳои давлатиро ба ҷояш рафта расондан ё ки ариза фиристодан (барои истифода аз хидматҳои давлатӣ) дар шаҳри Тошканд пардохти якмаротиба 50 фоизи миқдори ҳисоби базавӣ (МҲБ) дар маркази вилоятҳо 40 фоизи МҲБ ва дар шаҳру ноҳияҳо 30 фоизи МҲБ пешбинӣ шудааст.
Боз як навигарӣ — акнун барои гирифтани роҳхат ба кӯдакистон ба Маркази хидматҳои давлатӣ рафтан шарт нест
Вазорати адлия, Агентии таълими томактабӣ ва Вазорати технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандон боз як навгониро роҳандозӣ карданд. То ҳол барои ба кӯдакистон ҷойгир кардани бача дар Маркази хидматҳои давлатӣ ба навбат навишта, роҳхатро аз марказ мегирифтанд. Акнун баробари ба кӯдакистон омадани навбат ба шаҳрванд ҳамзамон ба воситаи СМС хабар-рақами ариза ва коди махфӣ фиристода мешавад. Бо ин коди махфӣ ба кӯдакистон рафта, ба мудира гуфтани код кифоя аст.
То ба мудираи кӯдакистон гуфтани коди махфӣ, ки роҳхатро тасдиқ мекунад, вай роҳхатро дида наметавонад ва чунин амал ҳолатҳои ришватхӯриро пешгирӣ мекунад.
Баробари чунин навгониҳо аз 1‑уми марти соли 2024 баъзе қарорҳо барои гирифтани литсензия роҷеъ ба баъзе фаъолиятҳо ва баъзе навъҳои ҳуҷҷатҳо, ки хусусияти рухсат додан доранд, бекор карда шуданд. Аз ҷумла, ба Реестри ягонаи электронӣ дохил кардани ба иҷора додани ҷои истиқоматӣ, литсензия барои таҳияи ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба ривоҷдиҳии ҳудудҳои мавзеъҳои аҳолинишин ва ғайра. Дар рӯйхати мазкур 22 навъи литсензия ва ҳуҷҷатҳо оварда шудаанд.
Саволе ба миён меояд: пас аз дохил намудани чунин навигариҳо нишондиҳандаҳои сифати хизматрасониҳои давлатӣ баландтар шуданд?
Аз маълумоти ҷонишини сардори Садорати адлияи вилоят Мақсуд Қурбонов, ки дар конфронси матбуотӣ роҷеъ ба фаъолият садорати мазкур дар соҳаҳои хидматрасониҳои давлатӣ дар соли 2023 ва навигариҳои соҳа расонд, маълум шуд, ки марказ соли гузашта ба аҳолии вилоят 1423292 хидматҳои давлатӣ расондааст. 37 фоизи он, яъне 525398‑тоаш ба таври онлайн аст.
Дар байни хидматҳое, ки марказ мерасонад, шумораи гирифтани имзои электрони рақамӣ — 294063‑то, гирифтани роҳхат ба кӯдакистони давлатӣ — 196678‑то ва тақдими ваколатнома ба шахсони ҷисмонӣ барои идораи нақлиёти автомобилӣ — 70447‑то аз ҳама беш аст.
Баробари муваффақиятҳо дар соли 2023 норасоиҳо низ муайян гардиданд. Дар ин сол ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва санҷиш мониторинг дар соҳаи хидматҳои давлатӣ 14800 ҳолати вайроншавии қонун муайян шуд.
Аз онҳо дар 9988 ҳолат ба муддати хидматрасонии давлатӣ риоя карда нашудааст, дар 1642 ҳолат муроҷиатро беасос рад кардаанд, дар 849 маврид ҳуҷҷатҳои барзиёд талаб кардаанд, 425 ҳолат бевосита хидмати давлатӣ расондаанд ва дар 1884 ҳолат ба қонунвайронкуниҳои гуногун роҳ додаанд.
Аз рӯи ин ҳолатҳо ба номи роҳбарони идораҳои ваколатдор 33 тақдимнома ва 633 адад огоҳинома фиристода шудааст. Инчунин, нисбат ба 501 нафар шахсони айбдор роҷеъ ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баённома расмӣ гардид. 56 нафари онҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд ва бо 2 нафар ходимон шартномаи меҳнатиро бекор карданд.
Тошқул АЗИМОВ.
