Ovozi.uz

Эътибори падару модарон ба таълими фарзандон афзудааст

Умеда Рофеева омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст. Омӯзгоре, ки дар замири кӯдакон пойдевори асосии илму донишро мегузорад. Ва он дар зеҳни бачаҳо якумра нақш мебандад.
Худи ӯ аз авлоди омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Модараш Мавлуда Азимова ҳам муаллима буд. Солҳои дароз ҳамчун муаллимаи фанҳои химияву биология дар мактаби рақами 26 кор кардааст. Язнаву холааш Ӯрун Зуҳуров ва Муаззама Азимова аз зумраи омӯзгорони маълуму машҳуранд. Солҳои дароз аз забони хориҷӣ ба мактаббачагон дарс медоданд. Дар тайёр кардан ва ба мактабҳои олӣ дохил шудани хатмкунандагони мактабҳо ёрӣ мерасонданд. Тағояш Аҳмадҷон Азимов ҳам аз муаллимони пешқадами ноҳия ба ҳисоб мерафт ва ҳоло ҳамчун директори мактаби таълими умумии рақами 61‑и шаҳр касби дӯстдоштаи худро бомуваффақият давом медиҳад. Хулоса, аз давраи бачагӣ дар дили Умеда меҳри касби муаллимӣ лона гузошт.
— Вақте ки дар мактаби рақами 26 мехондам, директори мактабамон Ботур Холёров доимо таъкид мекарданд, ки «нағз хон, аз ту муаллими зӯр мебарояд», — дар аввали сӯҳбат гуфт муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби рақами 52‑и ноҳияи Самарқанд Умеда Рофеева. — Бо тавсияи устодон ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, факултети таълими томактабии онро тамом кардам. Дар вақти таътили тобистона дар осоишгоҳи бачагонаи «Дӯстлик» ҳамчун тарбиячӣ кор кардам. Баъди хатми донишгоҳ ба як мактаб рафтам. Ба кор нагирифтанд. Ҳамчун сарвари бачаҳо, ки дар мактаби рақами 26 кор мекардам, бачаҳои тайёркардаам дар тадбири ноҳиявӣ нағз баромад карданд. Онро дида, маро барои кор ба мактаби рақами 16 ҷеғ заданд. Баъд аз он ҷо ба ин мактаб гузаштам.
— Шумо ҳоло роҳбари синфи 3‑юми «А» ҳастед. Дар синфи шумо чанд нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд?
— Дар синфи ман 31 нафар донишомӯзон мехонанд. Ахлоқу одоб ва хонишашон хуб аст. Аълохонҳояшон ҳам бисёранд.
— Шумо бар замми роҳбари синф будан боз вазифаи ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоиро ҳам ба ҷо меоред. Дар мактаб чанд синфи ибтидоӣ ҳаст? Киҳо муаллимҳои пешқадаму пуртаҷрибаи ин синфҳо мебошанд?
— Ҳоло дар мактаби мо 10 синфи ибтидоӣ ҳаст. Муаллимони дилсӯзу кордон бисёранд. Ба ин Матлуба Раҳмонова, Фарида Эшонқулова, Фароғат Содиқова, Озода Фозилова ва дигарон мисол шуда метавонанд. Онҳо дарсҳояшонро аз таҳти дил гузаронида, барои хушахлоқу босавод шудани бачаҳо саҳм мегузоранд.
— Пойдевори хулқу одоб, рафтору гуфтор ва ғайра дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Агар аз синфи якум бачаҳо нағз хонанд, соҳиби хулқу одоби намунавӣ шаванд, ин то охири умрашон давом мекунад.
— Рост. Дар синфҳои ибтидоӣ кор кардан шавқовар аст. Ҳар як бача олами хоси худро дорад. Онро дониста муаллим мувофиқи ҳамон рафтор кунад, комёбиҳояш бештар мегардад. Боз дар ин давра шавқу ҳаваси худи бачаҳо ба хондану омӯхтан ҳам баланд аст. Инчунин, падару модарон дар ин вақт ба хонишу дарсхонии фарзандонашон бештар эътибор медиҳанд. Аз рӯзҳои якуми илмомӯзӣ дар ташаккули хис­лату харакери хуби кӯдакон нақши муаллим калон аст. Барои ҳамин ҳам, бештари падару модарон мехоҳанд, ки дар синфҳои ибтидоӣ ба фарзандонашон муаллимони нағзу пуртаҷриба таълиму тарбия диҳанд.
— Ҳозир бисёр омӯзгорон аз душвории кори худ шикоят мекунанд. Кори омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ вазнин аст?
— Ҳа, корҳои мо рӯз аз рӯз душвор мешавад. Масалан, иҷрои корҳои дастӣ кам, вале электронӣ зиёд шудааст. Муаллим намедонад, ки кадом яки онҳоро иҷро кунад.
— Барномаҳои таълими давлатӣ чӣ?
— Барои синфҳои ибтидоӣ барномаҳои давлатиро хеле мураккаб тартиб додаанд. Барои ҳар як чоряк корҳои таълимӣ аз рӯи китобҳои алоҳида пеш бурда мешавад. Вале аксаран он китобҳо дар вақташ намеоянд. Китобҳои дарсӣ ҳам хеле душвор таҳия карда шудаанд. Масалан, китоби ҳисобро гирем. Дар як соат ҳалли 10–12 мисолу масъала талаб карда мешавад. Боз мисолу масъалаҳои душвор, дуамала ва даруниқавсӣ пешниҳод карда шудаанд. Аввало, дар давоми 45 дақиқа ҳамаи онҳоро хондану навиштану ҳал кардан имкон надорад. Аз ҳад зиёд, ки печ дар печ аст, ҳамаи онҳоро хонандагон хондаву фаҳмиданашон ва «ҳазм» карданашон душвор .
— Ҳозир дар шабакаи интернетӣ рӯзномаи электронии kundalik.com ба роҳ монда шудааст. Ин ба кори муаллимон ёрӣ мерасонад?
— Бояд ёрӣ расонад. Вале дар амал чандон мувофиқи пешгӯиҳо нестанд. Падару модарон ҳар рӯз ба он даромада, бояд аз баҳоҳои гирифтаи фарзандонашон хабардор шаванд. Ва иҷрои инро аз муаллимон талаб кунанд. Вале на ҳамаи волидони хонандагон соҳиби телефони замонавӣ ҳастанд ва ё телефонашон ба интернет пайваст аст. Ин муаммо ҳам азоби муаллимон шуда истодааст.
— Дар синфҳои ибтидоӣ дарсхонӣ, давомоти хонандагон ва эътибори волидон ба хонишу дарсхонии фарзандонашон чӣ гуна аст?
— Умуман, нисбати хонандагони синфҳои болоӣ беҳтар мебошад. Боз дар ин синну сол шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои поёнӣ ба хондан зиёд аст. Ба дарсҳо ҳам фаъол иштирок мекунанд, давомоташон ҳам нағз аст. Падару модарон ба рафту омад ва дарсхонии фарзандонашон эътибор медиҳанд. Вале ба бачагоне, ки волидони онҳо дар хориҷаанду тарбияашон ба ихтиёри хешу таборон вогузошта шудааст, эътибор сусттар мебошад. Ин бачаҳо ба мактаб аз меҳри падару модар «сер» нашуда, барои хондан меоянд ва ин ҳам ба хониши онҳо таъсири худро мерасонад.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.