Ҳар як инсон барои пешбурди ҳаёти худ касбу ҳунар меомӯзад, бо коре шуғл меварзад. Яке кишоварзӣ кунад, дигаре чорводориро ба роҳ мемонад. Албатта, дар интихоби касбу кор ва самти фаъолият муҳити зист низ аҳамияти муҳим дорад. Яъне, иқлим, шароит, тарзи зисти мардум ба инобат гирифта мешавад. Обу ҳаво ва заминҳои деҳаи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё барои кишоварзӣ, бахусус, парвариши дарахтҳои мевадор, аз ҷумла, себ ва чормағз хеле мусоид аст. Инчунин, дар ин ҷо чорводорӣ низ фоида меоварад. Бинобар ин, аҳолии маҳаллии деҳа бисёртар бо кишоварзӣ ва чорводорӣ сару кор доранд.
Дар ин деҳа аксар сокинон ба ҳисоби миёна 5–6 хол замини обёришаванда ва то 50 хол замини лалмӣ доранд. Мардум дар парвариши намудҳои гуногуни себ низ таҷрибаноканд. Дар заминҳои лалмӣ дарахти себ парвариш карда, аз ҳар дарахт ба ҳисоби миёна 1–2 сентнерӣ себ мегиранд. Ҳар сол дар моҳҳои сентябр-октябр ҳосилро ҷамъ карда, ба харидорҳо, ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ мефурӯшанд. Дар дигар вилоятҳо низ себ парвариш мекунанд, аммо себи Боғучорбоғ бо сифату таъми аълои худ фарқ мекунад.
— Ҳар як ниҳолро бо меҳр парвариш ва нигоҳубин мекунем, — иброз дошт яке аз боғбонҳои чашмикордони деҳа Муҳиддин Раҳимқулов. — Дар зиёда аз 20 хол замин себзор бунёд карда, соле то 10 тонна ҳосил мегирем. Нархи себ ҳар сол тағйир меёбад. Имсол нарх афзуд ва даромад ҳам. Дар байни қаторҳои себ гандум, ҷав ва нахӯд кошта, аз ҳар ваҷаби замин босамар истифода мебарем. Ҳосилашро ба бозор мебарорем, баргу пояашро барои чорво мегузорем. Инсон чӣ қадар ҳаракат ва меҳнат кунад, ҳамон қадар рӯзгораш ободу фаровон мешавад.
Суҳроб ХОЛИҚУЛОВ,
сокини деҳаи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё
