Ovozi.uz

Деҳаи мо обод мешавад

Тоҷикобод яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон мебошад, ки дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ҷойгир аст. Ин деҳаи зебоманзара дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил гардида, дар аввал Қизил Шарқ ном дошт. Азбаски мардуми деҳа тоҷикон буданд, пас аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон номи Тоҷикободро гирифт.
Аз рӯи нақли мардум, вақте ки онҳо ба ин ҷо кӯч мебанданд, замини он қамишзор ва пур аз пастию баландиҳо будааст. Дар натиҷаи меҳнати фаровони мардуми маҳаллӣ ҳоло Тоҷикобод ба як гӯшаи ободу сарсабз табдил ёфтааст. Аз пастию баландиҳо нишоне боқӣ намондааст.
Бояд гуфт, ки мардуми ин деҳа аз дараи Хондиза ва деҳаи Хоҷаасмин ба ин манзил кӯчонида шудаанд. Дар деҳа мазоре бо номи «Мӯрчамазор» мавҷуд аст, ки мардуми гирду атроф ба ин ҷо омада, зиёрат мекунанд ва дар табобати баъзе намуди маризиҳо аз Худо шифо металабанд.
Мардуми деҳаи Тоҷикобод асосан бо деҳқонӣ машғул ва машҳур будаанд ва то ҳол ин анъанаро давом медиҳанд. Дар деҳа эҷодкорони соҳибкитоб низ ҳастанд. Аз ҷумла, сокини деҳа Мустафо Кабиров пайваста бо эҷод машғул гардида, чанде пеш китоби мавсуф таҳти унвони «Чароғи дӯстӣ» рӯи чопро дид.
Мардуми деҳа шараф ва ифтихори миллии худро баланд медоранд, ки кас инро дар сӯҳбат бо онон хуб эҳсос хоҳад кард. Кӯдакистони замонавии дуошёна ва масҷиди хуштарҳ зеби деҳаи Тоҷикобод мебошанд. Инчунин, бо ташаббуси тадбиркорони соҳибтаҷриба ва ҷавонмардони кордони деҳа биноҳои замонавӣ сохта шудаанд.
Таълим дар мактаби таълими умумии рақами 18‑и деҳаи Тоҷикобод бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ амалӣ мегардад. Омӯзгорони соҳибтаҷриба ва заковатманд Ш.Аҳмадов, Ҳ.Маҳмудов, Ҳ.Норқулов,
А.Муҳаммадиев ва дигарон дар таълиму тарбияи неки фарзандони мардум саҳми арзанда мегузоранд.

Хадича ҲАБИБУЛЛОЕВА,
сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё