Ovozi.uz

Дар Шотландияи Нав вазъияти фавқулода эълон карда шуд

Ин дафъа ба сабаби боридани барфи зиёд дар Шотландияи Нав (Канада) дар музофот вазъияти фавқулода эълон карда шуд.

Бино ба маълумоти Бюрои миллии обуҳавошиносӣ, дар рӯзҳои наздик дар шимоли вилоят боридани барфи зиёд (то 150 см) дар назар аст, ки нисбат ба меъёри моҳи феврал дар ин минтақа ду баробар зиёд аст.

Ба ғайр аз боридани барф шамол низ шиддат мегирад: суръати он дар баъзе ҷойҳо ба 28 метр дар як сония мерасад.

Дар ҳоли ҳозир кори муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Шотландияи Нав қатъ ёфтааст ва хадамоти наҷотдиҳӣ ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки дар ҳолати зарурӣ аз хонаҳои худ берун набароянд.