Деҳаи “Дача” дар ҳудуди маҳаллаи Боғбон, дар доманакӯҳи Ғӯбдин ҷой гирифтааст. Деҳа солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар байни деҳаҳои Бот-боти кӯҳна ва Бот-боти нав дар майдони беодами кушод пайдо шудааст. Он солҳо ташкилотҳои сохтмонӣ барои маркази хоҷагии давлатии “Тошканд” 10-то хонаву ҷойи нави замонавии дуошёна ва 70-то хонаву ҷойи истиқоматии замонавии якошёна сохтааст. Ҳоло дар деҳа беш аз 100 хонадон аҳолӣ аҳлона зиндагонӣ мекунанд. Аҳолии деҳаи “Дача” асосан бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд.
- Адади гӯсфандҳоямон зиёд шуданд, — гуфт яке аз сокинони деҳа Ҷавлон Хӯрозқулов. – Дар соли равон шумораи гӯсфандонамон аз 70 сар ба 100 сар расид. Аз аҳли оилаамон, набераҳоям бештар хурсанд гаштанд.
- Майсаҳои 10 гектар ғаллазорамон хуб нашъунамо меёбанд. Ин аз ҳосили фаровон нишона аст. Аз солим ва пурқувват будани ниҳолҳо чашмонамон медурахшанд, — гуфт раиси хоҷагии фермерии “Боғбон Юсуф даласи” Ӯролбой Ҳамроев.
“Ташаббуси ба 10 нафар ҷавон — як нуронӣ” дар деҳаи “Дача” низ ифодаи худро меёбад.
-Рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта бо ҷавонони деҳа вохӯрда меистем, — гуфт яке аз оқсоқолони деҳа Эшпӯлод Ҳоҷӣ бобо Ҳамроев. – Дар бораи ояндаи ҷавонон, корҳои имрӯзҳо амалигардида сӯҳбатҳои пурзавқ мекунем. Маслиҳатҳои зарурӣ медиҳем.
Аз деҳаи “ Дача” низ ҷавонпаҳлавонҳо ба воя мерасанд. Шогирдони мураббии пуртаҷриба аз рӯйи намуди гӯштии Юнону Руми варзиш Раббим Ташанов, хонандаҳои синфҳои 6-7-уми мактаби таълими умумии рақами 19-и ноҳия Шоҳрух Эшпӯлодов, Ҷамшед Амонов, Шоҳҷаҳон Эшпӯлодов ба сифати чемпионҳои ноҳия ба мусобиқаи вилоятӣ тайёрӣ мебинанд.
Раббим ҲОТАМОВ, ноҳияи Булунғур.
