Шукри беҳади Офаридгор, ки боз ба иди саиди Фитр расидем. Бо иродаи Парвардигор мардуми мо иди Рамазонро бо шодиёнаҳо чун ҷашни бошукӯҳ истиқбол мегиранд.
Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8_уми апрели соли ҷорӣ «Дар бораи таҷлили иди Рамазон» низ дар бораи нақши ин рӯз дар ҳаёти мардуми мо сухан рафтааст.
Иди Рамазон дар рӯзҳои 1, 2 ва 3_юми моҳи Шаввол ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, дар масҷидҳои кишвар намози идро мехонанд. Дар рӯзи арафа аёдати беморону пиронсолон, падару модарон бароямон қарзу фарз мебошад. Инчунин, ба ҳамдигар таом додан, либоси нав пӯшидан, идона додан, сайр кардан, садақа бахшидан барин арзишҳо низ аз амалҳои шоиста ба шумор мераванд.
Бояд гуфт, ки садақаи фидя садақаест, ки ба муносибати рӯза дода мешавад. Садақаи шахсонест, ки бо ягон сабаб рӯза дошта натавонистаанд. Ин садақа ба оилаҳои нодор, ночор, бонувони беваю бечора ва танҳо дода мешавад. Дар Қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла, дар ояти 160-уми сураи Анъом мефармояд, ки «Ҳар касе як эҳсон намояд, барои ӯ даҳ баробар подош хоҳад буд…».
Ҳамчунин, дар ҳадиси дигаре омадааст, ки садақа кардан ҳафтод балоро дур мекунад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Ғамҳои худро бо садақа дафъ кунед, ки бо додани садақа Худованди мутаъол зарарҳои шуморо дур карда, дар муқобили душманон шуморо нусрат медиҳад».
Иди саиди Фитрро Худованд барои мо хайру муборак гардонад ва қалби моро аз нури имон фурӯзон намояд.
Ҳоҷӣ Саидҷамол МИРҶАЪФАРОВ, шарқшинос
