Ovozi.uz

Муҳити зистро покиза нигоҳ дорем

Ободу тоза нигоҳ доштани замин яке аз корҳои савоб аст. Ин аст, ки пас аз баста шудани саҳифаи аъмоли инсон ҳам савобашро идома медиҳад. Ниҳолшинонӣ ва бунёди боғ яке аз арзишҳои неки мардуми мост. Воқеан, ободу сабзазор кардани мавзеи истиқоматӣ ба дил шодӣ бахшида, боиси ободии рӯзгор мегардад. Дар чорабиниҳое, ки бобати баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар кишвар амалӣ мешаванд, аҳли масҷидҳои вилоятамон низ фаъолона иштирок мекунанд. Чанде пеш бо иштироки саримом-­хатиби вилоят Ҳоҷӣ Зайниддин Эшонқулов низ чорабинии ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
Худованди мутаъол инсонро аз замин офарид ва ба ӯ вогузор кардааст, то он макон — заминро, ки ба он бармегардад, обод кунад. Дар ин бора Худованди мутаъол мефармояд: «Шуморо аз замин биёфарид ва шуморо ба ободии он вогузошт» (сураи Ҳуд, ояти 61). Дар ин оят Худованд ба мо амр мекунад, ки замин ва табиатро ҳифз кунем ва аз неъматҳои он оқилона истифода барем. Ҳамзамон, ба он ҳар гуна зарар расониданро манъ мекунад.
Дар ҳолати покиза ба наслҳои оянда расонидани замин ва тамоми неъматҳои он яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як инсон аст. Махсусан, дар қалби аҳли имон ҳисси масъулияти бузургро афзун мекунад.
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» унсурҳои экологӣ, аз ҷумла ҳаво, об, хок, сарватҳои зеризаминӣ, минтақаҳои табиии ҳифзшаванда аз таъсири инсон ва дигар омилҳои манфӣ ҳифз гардида, бобати кам кардани мушкилоти экологӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар амал татбиқ мешаванд.
Тавре ки Сарвари давлатамон таъкид намуд, лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» тадбири яксола нест. Воқеан, агар мо имрӯз ба табиат меҳру таваҷҷуҳ зоҳир кунем, наслҳои оянда низ дар муҳити муносиби экологӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Барои ин мо бояд захираҳои замину об, сохтори экологиро ҳифз намуда, дарахт шинонем ва боғ бунёд кунем.
Мушкилоти глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки солҳои охир дар ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, мутаассифона, кишвари моро низ канор намегузорад. Ба вуҷуд омадани чанг, инчунин кам ё зиёд шудани боришот тасдиқи ин сухан аст. Ин вазъият набояд ягон одами зиёиро бетараф гузорад.
Ислом ҳамеша ба тозагӣ ва озодагӣ даъват мекунад. Пеш аз ҳама, покизагӣ, ки аз дил оғоз мешавад, моро даъват мекунад, ки муҳити зист — Ватанамонро покиза нигоҳ дорем. Охир, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) беҳуда нагуфтаанд, ки «Покӣ нисфи имон аст» (ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Молик). Дар ҳадиси дигар фармудаанд: «Атрофи хонаҳоятонро пок нигоҳ доред» (Ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Табаронӣ).
Аз ҳадисҳои боло маълум мешавад, ки покии муҳит бо покии қалб мустақиман созгор аст. Аз қадимул­айём дар байни мардуми мо одати накӯи тоза кардани гирду атрофи хонаю ҷӯйборҳо, кӯчаю қабристон ва дар ҷойҳои бекорхобида шинондани ниҳолҳо анъана буд. Дар ҳадисе, ки имом Аҳмад ривоят кардааст, Паёмбар (с) ба Саъд (р) фармуд: «Ҳатто агар дар дарёи равон бошӣ ҳам, обро зоеъ макун!»
Аҷдодони мо солҳост, ки ба ин ҳадис пайравӣ мекарданд. Мо низ бояд пеш аз ҳама ба ин ҳикмат пайравӣ кунем ва онро ба насли наврас омӯзонем. Охир, тоза нигоҳ доштани муҳити зист яке аз масъалаҳои таъхирнопазир мебошад.
Бояд гуфт, ки масъалаҳои вобаста ба муҳити зист дар осори донишмандони бузург низ ифодаи худро ёфтаанд. Масалан, Амир Темур он касонеро, ки заминҳои бекорхобидаро аз худ карда ва ё боғдорӣ кардаанд, ташвиқ мекард. Алишер Навоӣ хиёнат ба табиатро ба хиёнати дӯст муқоиса кардааст. Барои ӯ табиат ва дӯст як маъно доштанд.
Дар сатҳи ҳукумат тарғиб шудани амали ниҳолшинонӣ амали неку наҷиб ва шоиста мебошад, ки бояд пайваста амалӣ шавад.
Дини мо низ ба чунин ташаббуси нек дилсӯзона муносибат карда, кабудизоркуниро васеъ тарғиб мекунад. Дар ҳадиси шариф Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар кӣ замини мурдаро зинда кунад, яъне онро обод гардонад, барои ӯ аҷр ҳаст». Ҳамчунин, ҳар ҷонзоде аз он бихӯрад, ба ӯ савоб ҳаст» (ривояти Имом Доримӣ). Дар ҳадиси дигар фармудаанд: «Агар мусулмоне дарахт ё зироате бикорад ва аз он паррандае, одаме ё ҳайвоне бихӯрад, аз сабаби он барои ӯ садақа мешавад» (ривояти Имом Бухорӣ).

Ҷаҳонгирҳоҷӣ ҲОТАМОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеъи
«Хоҷа Абдулмӯъмин»-и шаҳри Самарқанд