Аз ҳаёти иттифоқҳои касаба
Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигари Ватани мо тағйироти назаррас рӯй доданд. Диёри мо дар байни кишварҳои ҷаҳон беш аз пеш шинохта шуд ва мамлакати моро чун узви баробарҳуқуқи СММ ва як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ шинохтанд. Ӯзбекистон дар навбати худ дар кори онҳо пайваста ва сол аз сол фаъолтар иштирок мекунад.
Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир дар ҷумҳурии мо чорабиниҳои байналхалқӣ ба маротиб бештар гузаронида мешаванд. Дар соли 2024 «Пойтахти маданияти давлатҳои ҳамдӯстӣ» эълон гардидани шаҳри Самарқанд боз як исботи ин фикр аст.
Дар натиҷаи чунин робита ва ҳамкориҳо алоқаҳои байни ин мамлакатҳо дар соҳаи иттифоқи касаба низ инкишоф меёбанд. Ба ин, чанде пеш дар шаҳри Бухоро баргузор гардидани семинари байналмилалии иттиҳодияҳои касабаи ходимони сохтори таълими давлатҳои ҳамдӯстӣ мисол шуда метавонад. Дар семинари иттиҳодияҳои касаба, ки бо Шӯрои ҷумҳуриявии иттиҳодияи касабаи ходимони таълим ва фанни Ӯзбекистон ҳамкории доимӣ доранд, вакилони иттиҳодияҳои касабаи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо иштирок карданд. Дар анҷумани байналмилалӣ масъалаҳои пур долузарби густариши ҳамкорӣ муҳокима гардиданд. Дар доираи барномаи ҷамъомад мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти иттиҳодияи касабаи давлатҳои ҳамдӯстӣ муайян карда шуданд.
Инчунин, роҷеъ ба Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат «Дар бораи барҳам додани зӯроварӣ ва дағалӣ дар соҳаи меҳнат» таҳти рақами 190, «Баланд бардоштани мавқеъ ва ҷозибадории касби омӯзгорӣ ба воситаи фароҳам овардани муҳити солими холӣ аз зӯроварӣ ва паст задан», мавқеи роҳбар ва кордиҳанда, инчунин додани музди меҳнати муносиб ба ҳар коргар, муайян кардани мафкураи нави давлатии шарикии иҷтимоӣ ва масъалаҳои амсоли онҳо сухан рафт. Инчунин, масъалаҳои ахбор ва ҷавонон, ҳуқуқи занон ба меҳнат, ҳифзи меҳнат, сохтори дохилии иттиҳодияи касаба баррасӣ гардиданд.
Чунин анҷуманҳои байналмилалӣ дар муносибатҳои тарафайни давлатҳои ҳамдӯстӣ аҳамияти муҳим доранд. Ба туфайли анҷумани байналмилалии мазкур ҳамкории байни Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо чун дар дигар соҳаҳо дар сохтори иттиҳодияи касаба низ боз ҳам мустаҳкамтар мешавад.
Рӯзи дуюми семинар фикру мулоҳизаҳои мутахассисони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аз рӯи масъалаи амал кардан ба маданияти муомила дар ҷойи кор, таҷрибаи умумиҷаҳонӣ дар ин самт шунида шуданд. Сипас, иштирокчиёни семинар ба чор гурӯҳ тақсим шуда, роҷеъ ба стратегияи корҳои тарғиботии иттиҳодияҳои касаба бобати баланд бардоштани обрӯ ва ҷозибадории касби омӯзгорӣ таҷриба иваз намуданд.
Дар анҷоми семинари байналмилалӣ матни баёноти иттиҳодияи касаба, ки мавқеи онро роҷеъ ба «Роҳ надодан ба зӯроварӣ ва дағалӣ» муайян мекунад, инчунин, ратификатсия ва амалӣ кардани Конвенсияи таҳти рақами 190 ум, чораҳои мутобиқгардонии қоидаҳо дар бораи зӯроварӣ ва дағалӣ дар сиёсати ташкил намудани шартномаи ҷамоавӣ ва сохтори таълим таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
Ифтихор РАҲИМОВ,
ташкилотчии масъули Шӯрои ҷумҳурии иттиҳодияи касабаи ходимони таълим ва фанни Ӯзбекистон, раиси Шӯрои раисони вилоят
